Сиёҳдона
Сиёҳдона, ё Калинҷӣ, ё Сейдана, ё Седана, ё Кашниҷи румӣ (рус. Чёрный тмин, лот. Nigēlla satīva) — Донаест аз арзани калонтари сиёҳ, ки бештар ба рӯи нон мепошанд. Ин рустаниро тақрибан дар саросари ҷаҳон парвариш ва мекоранд.
Паҳншавӣ ва экология
вироишВатани сиёҳдона — Ҷанубу ғарби Осиё ва Минтақаи Баҳри Миёназамин аст. Айни замон дар Баҳри Миёназамин, нимҷазираи Балкан, Қафқоз, Осиёи Хурд мерӯяд.
Хосиятҳо
вироишТабъ
вироишАндар дараҷаи севвум гарми хушк аст.
Хосиятҳо
вироишТез, буррандаи балғам аст ва зудоянда буда, бодҳо ва дамишро ҳал ва танро бағоят пок кунад.
Оростагӣ
вироишОзахҳои сарнагун, холҳо, баҳак ва хусусан барасро бирезонад.
Омосҳо ва табишҳо
вироишСиёҳдонаро бо сирко бар табишҳои ширӣ ниҳанд. Он омосҳои балғамӣ ва сахтро ҳал кунад.
Решҳо
вироишОнро бо сирко бар решҳои балғамӣ ва гари решшуда биниҳанд.
Андомҳои сар
вироишСиёҳдонаро хусусан агар бирён карда, андар пораи катон бигиранд, аз зуком суд бахшад. Онро бар пешонии касе, ки сардарди сард дошта бошад, тило кунад. Агар онро шаб андар сирко тар кунанд ва пагоҳи совида, андар бинӣ кунанд ва ё ба бемор бидиҳанд, то ба бинӣ бикашад, аз дардҳои деринаи сар ва аз лақва суд бахшад. Сиёҳдона яке аз доруҳоест, ки суддаҳои устухони полояндаро сахт бикушоянд. Бо сирко ва хусусан бо чӯби санавбар ҷӯшонидаи онро агар мазмаза кунанд, аз дарди дандонҳо судманд бошад.
Андомҳои чашм
вироишАгар совидаи онро бо равғани бехи савсани осмонгун ҳангоми ибтидои фурӯд омадани об андар бинӣ кунанд, онро суд бахшад.
Андомҳои нафаскашӣ
вироишАгар онро бо натрун биошоманд, аз росто нафас гирифтан суд кунад. Андомҳои ронанда: Сиёҳдонаро ҳатто агар бар ноф тило кунанд, кирмҳо ва кирми кадудонаро бикушад ва агар як чанд рӯз истеъмол кунанд, хуни ҳайзро битозонад. Онро бо ангубин ва оби гарм аз барои санги обгаҳ ва гурда бидиҳанд.
Табҳо
вироишТабҳои балғамӣ ва хусусан савдовиро ҳал карда, онҳоро нест кунад.
Заҳрҳо
вироишАз дуди он ҷунбандагони зиёнкор бигурезанд. Гурӯҳе ба таъкид гуфтаанд, ки бисёр истеъмол кардани он марговар аст. Агар аз он ба қадри як драхмӣ биошоманд, аз газидагии ғунда судманд бошад.
Адабиёт
вироиш- Шаҳобуддинов С. Абӯали ибни Сино: Қонуни тиб китоби 2// Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон//Сарредаксияи илмии энсиклопедияи советии тоҷик - Душанбе 1991