Сиҷоуддин Саломзода

Сиҷоуддин Саломзода (зод. 2 июни 1965, деҳаи Ойдинкӯл, ноҳияи Данғара) — ходими давлатии тоҷик.

Сиҷоуддин Саломзода
Таваллуд 2 июн 1965(1965-06-02) (59 сол)
Таҳсилот
Ҷоизаҳо
Ордени «Шараф»

Зиндагинома

вироиш

Сиҷоуддин Саломзода 2 июни соли 1965 дар деҳаи Ойдинкӯли ноҳияи Данғара ба дунё омадааст[1]. Институти политехники Тошкент ба номи Абдурайҳон Беруниро дар cоли 1989 бо ихтисоси муҳандиси кӯҳӣ-геофизик хатм кардааст. Замони донишҷӯ будан дар солҳои 1983—1985 дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи Шӯравӣ дар шаҳри Макарови ҶШС Укройн хидмати ҳарбӣ кардааст.

Корнома

вироиш
  • 1981—1982 — Коргари совхози «ХII партсъезд», ноҳияи Данғара
  • 1989—1994 — Оператор-геофизик, сардори отряди сейсморазветка, муҳандис-геофизики Экспедитсияи ҷанубӣ, шаҳри Орҷеникидзеобод
  • 1994—1995 — Сардори минтақаи сохтмони иттиҳодияи истеҳсолии «Наврӯз», шаҳри Кулоб
  • 1995—2003 — Таъминкунанда, сардори сехи электрики конструксияи оҳанубетонии № 8, муовини директори генералии Ширкати «Саддам», шаҳри Сарбанд
  • 2003—2004 — Нозири кӯҳӣ-техникӣ дар Кумитаи назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе
  • 2004—2006 — Муовини сармуҳандис, сармуҳандиси мудирияти сохтмони НБО-и Роғун, шаҳри Роғун
  • 2006—2011 — Муовини аввали Сардори Саридораи назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе
  • 2011—2013 — Котиби корпоративии Шӯрои нозирони ҶСК «Нерӯгоҳи барқии обии Роғун»
  • 2013—2015 — Сардори Хадомоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
  • 2015—2018 — Раиси шаҳри Турсунзода
  • 2018—2020 — раиси шаҳри Исфара[2]
  • 2020—2023 — Раиси шаҳри Бохтар

Аз январи соли 2023 муовини Раиси шаҳри Душанбе мебошад[3].

Ҷоизаҳо

вироиш

Бо Ордени «Шараф» дараҷаи 2 қадр шудааст.

  1. Саломзода Сиджоуддин « SugdNEWS(рус.). SugdNEWS (9 феврали 2018). 15 марти 2023 санҷида шуд.
  2. Саломзода Сиҷоуддин: муаррифӣ. Насими Исфара (9 феврали 2018). 15 марти 2023 санҷида шуд.
  3. Муовинони Раис / Сомонаи расмии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе. dushanbe.tj. 15 марти 2023 санҷида шуд.