Мирраҳматов Собир Шокирович (тав. 1.10.1961, деҳаи Қарақчиқуми ноҳияи Конибодом) — омӯзгор ва муҳандис, номзади илмҳои техникӣ (1993), дотсент (1996).

Зиндагинома

вироиш

Солҳои 1979–1983 дар факултети саноатию омӯзгории Донишкадаи давлатии омӯзгории шаҳри Душанбе ба номи Т.Г. Шевченко таҳсил кардааст. Солҳои 1983–1985 дар сафҳои Артиши Шӯравӣ хидмат кардааст. Солҳои 1985–1988 ассистенти кафедраи фанҳои умумитехникии Донишкадаи давлатии омӯзгории шаҳри Душанбе ба номи Т.Г. Шевченко, 1988–1989 таҷрибаомӯз-тадқиқотчӣ, 1989–1992 аспиранти Донишкадаи техникаҳои электронии шаҳри Москва буд. Соли 1993 ҳамчун муаллими кафедраи фанҳои умумитехникӣ, 1993– 1995 муовини декани факултети муҳандисӣ-омӯзгорӣ оид ба таълим, 1995–1998 мудири кафедраи механикаи техникӣ ва нақшакашии донишгоҳи омӯзгорӣ кор кардааст. Солҳои 1998–1999 ходими калони илмии кафедраи механикаи тахникӣ ва нақшакашӣ ва аз соли 1996 инҷониб дотсенти кафедраи номбурда дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ мебошад. Инчунин солҳои 2002–2006 вазифаи муовини декани факултети технология ва соҳибкории донишгоҳи омӯзгорӣ оид ба корҳои илмиро ба уҳда дошт. Муаллифи зиёда аз 47 мақолаҳои илмӣ ва илмию методӣ мебошад. Оид ба таъсири норасоиҳои конструксияи элементҳои аппаратҳои парвозкунанда ва ҳолати деформатсияи шиддатнокӣ тадқиқоти илмӣ бурдааст. Бо нишони сарисинагии «Аълочии маорифи Тоҷикистон» (2001) сарфароз карда шудааст.

  • Методические указания к изучению курса и выполнению контрольных работ по материаловедению (на русском языке), Д., 1999;
  • Сопротивление материалов (методические указания), Д., 1999;
  • Муайян кардани деформатсияи ҷузъҳо бо тарзи вайрон накардан // Паёми донишгоҳи омӯзгорӣ, № 3, Д., 2003.

Пайвандҳо

вироиш