Собунпазӣ
Собунпазӣ (порсӣ: صابونپزی ) — пешаи суннатии тоҷикон мебошад, ки ба истеҳсоли собун аз равған ва хокистари гиёҳон асос ёфтааст.
То ба Инқилоби Октябр дар шаҳрҳои тоҷикон, аз ҷумла, Самарқанду Бухоро, Хуҷанду Истаравшан, Ҳисор ва ғайра санъати собунпазӣ рушд ёфта, гузарҳои собунгарон мавҷуд буд, ки дар онҳо аҳли ин касаба зиндагӣ ва фаъолият мекарданд. Дар Бухоро собунро аз чарбуи чорпои мурда ва ишқор тайёр мекарданд. Дар ин ҷо пухтани ду намуди собун маъмул буд: собуни сахти навъи хуб, ки конусшакл буд ва собуни мулоим ё сустак, ки навъи паст ба шумор мерафт. Ҳар ду навъ ҳам ранги тираи хокистарӣ дошта, бадбӯй буданд ва танҳо барои ҷомашӯйӣ истифода мешуданд.
Дар гузашта мардуми кӯҳистон низ мувофиқи шароити худ собун мепухтанд ва дар рӯзгор истифода менамуданд. Занҳои деҳот дар фасли баҳор растаниҳои парам, уган, шӯрак, хор, ерма, камол ва чанде дигарро дар вақти тару нимдунбул буданашон чида, дар ҷойҳои соя мехушкониданд. Сипас гиёҳҳои хушкшударо бо чӯби чормағз дар оташи паст ба муддати ду рӯз месӯзониданд. Пас аз хомӯш шудани оташ хокистари онро гирифта, дар деги об меҷӯшониданд. Об якчанд соат ҷӯшида, бухор мегашт ва хокистар ба мисли орд маҳин мешуд. Хокаи ҳосилшударо бо чарбуи ягон ҷонвар (масалан, суғур) ё равғани зард, ё дурдаи равғани пахта, ҳамроҳ карда, дар деги об боз меҷӯшониданд. Вақте ки маҳлул ғафс мешуд, дегро аз оташ гирифта, як тараф мегузоштанд, то ки сард шавад. Маводи сардшударо бо даст ба шакли лунда медароварданд ва мехушкониданд. Пас аз пурра хушкида сахт шудани собун онро ба кор мебурданд. Дар Рашту Дарвоз чунин собунро аз ишқор ва равғни зағир, баъзан аз равғани зард ё чарбу тайёр мекарданд, ки он «собуни сиёҳак» ном дошт. Дар гузашта мардуми ба ҳайҷо (айлоқ) рафта, аз сабаби набудани собун бо гиёҳи чокарваш либосшӯйӣ мекарданд. Тирамоҳ решаи чокарвашро гирифта мехушкониданд ва дар ҳован андохта мекӯфтанд. Хокаи ҳосилшударо бо элак бехта, дар косаи обдор тар карда мемонданд ва ҳангоми ҷомашӯйӣ аз кам-кам ба болои либосҳо мепошиданд. Дар вақти молидани либос аз он моеъ кафкҳо ҳоисл мешуд. Бо рушд ёфтани саноати собунпазӣ ва таъсиси корҳонаҳо ҳунари собунгарӣ низ дар байни мардуми тоҷик низ тадриҷан аз байн рафтааст.[1]
Нигаред низ
вироишЭзоҳ
вироиш- ↑ Д. Раҳимов. Касбу ҳунарҳои анъанавии тоҷикон. — Душанбе, 2014. — С. 57 — 58.