Содиқ Қурбонов
Содиқ Қурбонов — забоншинос, номзади илмҳои филологӣ (2004), дотсенти кафедраи забони тоҷикии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон.
Таърихи таваллуд | 23 октябр 1974 (50 сол) |
---|---|
Зодгоҳ | ноҳияи Бойсун, ҶШС Ӯзбекистон |
Кишвар | Тоҷикистон |
Фазои илмӣ | фиолология |
Ҷойҳои кор | Донишгоҳи миллии Тоҷикистон |
Дараҷаи илмӣ: | номзади илмҳои филология |
Унвонҳои илмӣ | профессор |
Алма-матер | Донишгоҳи миллии Тоҷикистон |
Зиндагинома
вироишСодиқ Қурбонов хатмкардаи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон (1996). Соли 1998 муҳаққиқ-коромӯзи кафедраи таърихи забон ва типологияи ДДТ. Хатмкардаи аспирантураи ДМТ (2003). Соли 2001-2003 ассистенти кафедраи хат ва матни форсии тоҷикии ДМТ, соли 2004 муаллими калон ва соли 2007 дотсенти кафедраи забони тоҷикӣ барои ихтисосҳои ғайрифилологӣ. Аълочии маорифи Тоҷикистон (2016). Соли 2004 таҳти унвони «Ибораҳои исмӣ дар лаҳҷаҳои Бойсун» рисолаи илмиашро дифоъ намудааст. Муаллифи 2 монография, 18 дастури таълимӣ ва беш аз 80 асару мақолаҳои илмӣ-методӣ ва оммавӣ мебошад. Дар мавзуи «Таҳқиқи муқоисавии калимаҳои хоси шева дар лаҳҷаҳои тоҷикони Сурхондарё ва шеваи ҷанубии забони тоҷикӣ» соли 2024 рисолаи докториашро дифоъ кардааст.
Осори илмӣ
вироиш- Лаҳҷа-нумуи дигари забони куҳан. –Душанбе: «Оила», 2008.– 189 с. (монография);
- Калимаҳои ташдиддор –Душанбе: Нашриёти «ЭР-граф», 2009. –60 с.
- Ҳафт муъҷизаи олам. – Душанбе: Нашриёти «ЭР-граф», 2009.– 42 с.
- Маҷмуаи саволҳои тестӣ аз фанни забони тоҷикӣ. –Душанбе: Нашриёти «ЭР-граф», 2009.– 127 с.
- Луғатномаи ҳарфи «ӯ» –Душанбе: Нашриёти ЭР-Граф, 2009.– 49 с.
- Забони тоҷикӣ (дастури таълимӣ барои факултетҳои физика ва риёзӣ). –Душанбе: «ЭР-граф», 2010. – 210 с. (ҳаммуаллиф);
- Таълими қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ. – Душанбе: «Баҳманруд», 2012. – 133 с. (ҳаммуаллиф).[1]
- Афсонаҳои беҳтарин.–Душанбе: «ЭР-граф», 2017. – 102 с.
- Забони тоҷикӣ (китоби дарсӣ барои гурӯҳҳои русӣ). –Душанбе: «ЭР-граф», 2016. – 322 с.(ҳаммуаллиф);
- Номҳои тоҷикӣ.–Душанбе: «ЭР-граф», 2017. – 86 с.
- Забони давлатӣ (китоби дарсӣ барои хонандагони синфи 3).–Душанбе: "Маориф", 2018.–185 с.
- Табрикнома. – Душанбе: Нашриёти «Эр-Граф», 2017.– 92 с.
- Эссе (раҳнамо барои дохилшавандагони макотиби олӣ). – Душанбе: Нашриёти Баҳманруд, 2018.– 73 с.
- Луғати мунтахаби калимаҳои хоси шева. –Душанбе: «Эр-Граф», 2018.–130 с.
- Сухани бузургон.–Душанбе, 2019.–84 с.
- Ҳуҷҷатнигорӣ. –Душанбе: «ЭР-граф», 2019.– 123 с. (ҳаммуаллиф);
- Луғати мухтасари умумиистеъмолии русӣ–тоҷикӣ ва чинӣ.–Душанбе, 2020.– 40 с.
- Калимаҳои хоси шева ва роҳҳои ташаккули он.–Душанбе, 2022.– 432 с.
Эзоҳ
вироиш- ↑ Кафедраи забони тоҷикӣ, Қурбонов Содиқ(тоҷ.). www.philol.tnu.tj. 28 май 2020 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 5 августи 2020.