Созмони Ҷаҳонии Тиҷорат
(Тағйири масир аз Созмони Умумиҷаҳонии Савдо)
Созмони умумиҷаҳонии савдо (аз англ. World Trade Organization) як созмони байналмилалӣ аст, ки қавонини ҷаҳони тиҷоратро танзим ва ихтилофоти байни аъзоро ҳал мекунад. Узви созмони умумиҷаҳонии савдо кишварҳое ҳастанд, ки мувофиқатномаҳои (ҳудуди 30 мувофиқатнома) ин созмонро имзо кардаанд. Дафтари марказии Созмони умумиҷаҳонии савдо дар Женева, Швейтсария қарор дорад. То 10 декабри соли 2012, 158 кишвар узви ин созмон шудаанд. Тоҷикистон дар ҳоли ҳозир ҷадидтарин узви ин созмон маҳсуб мешавад[1].
Аҳдофи Созмони Умумиҷаҳонии Савдо
вироишАҳдофе, ки Созмони умумиҷаҳонии савдо барои худ таъриф кардааст бадин шарҳ мебошад:
- Иртифои сатҳи зиндагӣ
- Таъмини иштиғоли комил дар кишварҳои узв
- Тавсиаъи тавлид ва тиҷорат ва баҳраварӣ баҳина аз манобеъи ҷаҳонӣ
- Дастиёбӣ ба тавсеаъи пойдор бо баҳрабардорӣ баҳина аз манобеъ
- Ҳифзи муҳити зист
- Афзоиш саҳми кишварҳои дар ҳол тавсеъа ва камтар тавсеъа ёфта аз рушди тиҷорати байналмилалӣ
Эзоҳ
вироиш- ↑ Тоҷикистон узви 158-уми Созмони Ҷаҳонии Тиҷорат мешавад http://www.ozodi.org/content/tajikistan-wto/24793768.html