Созҳои нафасӣ
Созҳои нафасӣ — созҳои мусиқие мебошанд, ки сутуни ҳаво дар танаи (найчаи) онҳо «баданаи садобарориро» ба вуҷуд меоранд. Рангубори тембрӣ ва садобарории пурқуввати созҳо аз шакл ва дарозии тана, аз масолеҳ (материал)-е, ки онҳо сохта мешаванд ва тарзи садобарориашон вобастаанд. Қабул шудааст, ки Созҳои нафасӣ ба созҳои нафасии чӯбин (флейта, гобой, кларнет, най, сурнай ва ғайра) ва созҳои нафасии мисин (труба, валторна, тромбон, карнай ва ғ) ҷудо карда мешаванд. Баъзе созҳои клавишӣ ( забонакдор) аз қабили арғунун, гармон, баян, аккордеон, ки дар онҳо сутуни ҳаво бо ёрии дам (мех) ба лапиш медароянд, дохил мегарданд. Ҳамчунин, созҳои халқии зиёде - свирел, волинка, зурна, жалейка ва ғ. ба созҳои нафасӣ дохил мешаванд.[1]
Ҳамчунин нигаред
вироишЭзоҳ
вироиш- ↑ Обидпур Ҷ. Луғатномаи тафсирии мусиқӣ / зери назари Б.Қобилова. – Душанбе: Аржанг, 2019. – С.362 -363. – 480 с. ISBN 978-999-47-43-90-2 (тоҷ.)
Ин мақолаи хурд аст. Бо густариши он ба Википедия кӯмак кунед. Дар сурати имкон ин ёддошт бояд дақиқтар ҷойгузин шавад. |