Соилии Наҳовандӣ, маъруф ба Мавлонои Ҳамадонӣ (?, Ҳамадон — 1533, Наҳованд) — шоир, нависанда ва донишманди форс-тоҷик.

Соилии Наҳовандӣ

Зиндагинома вироиш

Дар зодгоҳаш касби камол карда, илмҳои гуногуни замонашро омӯхт. Дар ҷавонӣ аз Дамованд ба Ҳамадон омад ва дар Наҳованд ном мавзеи он муҳим шуд ва тахаллуси «Наҳовандӣ» гирифт. Табъи равони Соилии Наҳовандиро бисёре аз шуарои давр эътироф кардаанд. Ӯ бо Ҳайратӣ ном шоири замон зиддият ва рақобат доштааст. Ашъори парокандаи Соилии Наҳовандӣ тавассути тазкираҳо то замони мо омада расидааст. Наҳовандӣ махсусан дар рубоию ғазал маҳорат доштааст. Рубоиҳои ӯ нисбатан бештар то замони мо расидаанд;

Ҳаргиз лаби ахли дард хандон набувад,
Ҷуз гиря насиби дардмандон набувад,
Безорам аз он дил, ки парешон набувад,
Дур афканам он дида, ки гирён набувад.

Мавзӯъи асосии ашъори шоир тараннуми ишқу муҳаббати поки инсонист. Зимни ин мавзӯъ Соилии Наҳовандӣ бисёр ақидаҳои зиддидинӣ баён кардааст, ки дар айни замон зидди нуқсонҳои ҷамъиятианд.

Эзоҳ вироиш

Адабиёт вироиш