Солиҷон Насриддинович Раҷабов (тав. 1916, ш. Хуҷанд – ваф.16.06.1979, ш. Душанбе), файласуф, номзади илмҳои фалсафа (1963), дотсент (1966).

Солиҷон Раҷабов

Зиндагинома

вироиш

Солҳои 1932–1934 дар факултети коргарӣ, 1934–1937 дар факултети табиатшиносии Донишкадаи омӯзгории ш. Ленинобод таҳсил карда, онро бо дипломи аъло хатм намудааст. Солҳои 1941–1943 дар сафҳои Артиши Шӯравӣ хидмат ва дар муҳорибаҳои Сталинград ва Воронеж иштирок намудааст. Солҳои 1944–1946 инструктори шуъбаҳои маорифи дастгоҳи КМ ҲК Тоҷикистон буд. Соли 1946 дар вазифаи котиби сеюми Комитети шаҳрии ҲК ҶТ кор кардааст. Солҳои 1946–1950 котиби комсомоли Тоҷикистон, 1951–1965 муаллим, муаллими калон, дотсенти кафедраи асосҳои марксизм-ленинизм ва кафедраи фалсафаи Донишкадаи давлатии омӯзгории ш. Душанбе ба номи Т.Г. Шевченко буд. Соли 1965 вазифаи мудири кафедраи номбурдаро ба уҳда дошт. Солҳои 1965–1969 иҷрокунандаи вазифаи мудири кафедраи фалсафаи Донишкадаи давлатии тиббии ш. Душанбе ба номи Абӯалӣ ибни Сино буд. Солҳои 1970–1979 ба ҳайси дотсенти кафедраи коммунизми илмии Донишкадаи хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон фаъолият намудааст. Муаллифи зиёда аз 25 мақолаҳои илмӣ ва илмиву оммавӣ мебошад. Таълифотҳои ӯ масъалаҳои фалсафаи иҷтимоӣ ва вазъи иҷтимоии мардуми деҳотро инъикос намудаанд.

Зиндагинома

вироиш

Бо унвонҳои фахрии «Ходими шоистаи маорифи халқ» (1968), «Муаллими хизматнишондодаи мактаби ҶШС Тоҷикистон» (1972), нишони «Аълочии маорифи халқи Тоҷикистон» (1976), ордени «Ленин» (1950), 2 ордени «Байрақи Сурхи Меҳнат» (1947), ордени «Ситораи сурх» (1943), медали «Барои муҳорибаи Сталинград» (1942) ва ифтихорномаҳои Президиуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қадр карда шудааст.

Пайвандҳо

вироиш