Соли кабиса (форсӣ: سال کبیسه‎) — соле ки тибқи қоидаи нуҷумӣ як рӯз ба моҳи охири он изофа шавад, ки ҳар чаҳор сол як бор иттифоқ меуфтад ва дар он фузунии 365 рӯзро, ки 5 соату 49 дақиқа аст ҷамъ карда ва як солро 366 рӯз мегиранд[1].

Вожа вироиш

Вожаи арабии кабиса аз решаи «кабс» (феъли ар. کَبْس‎) ба маънии пур кардани чоҳ аз хок аст; Ва дар гоҳшуморӣ, кабиса иборат аст аз теъдоди рӯз ё рӯзҳое, ки барои рафъ нуқсони солҳои умумӣ (таъхир ба далел таҷмиъи касрии чанд сол) аз миқдори воқеии он ё рафъи нуқсони солҳои хос нисбат ба солҳои дигар, бар сол муайяне меафзоянд.

Кабисаи хуршедӣ вироиш

Дар гоҳшуморҳои мубтанӣ бар тақвими хуршедӣ, мисли тақвими григорӣ ва тақвими ҳиҷрии хуршедӣ, ки солҳои оди 365 рӯза ва солҳои кабисаи онҳо 366 рӯза аст, ба таври мутавассит дар ҳудуди ҳар сию се сол, ҳашт соли кабиса ва бисту панҷ соли одӣ вуҷуд дорад. Ин тақвимҳо маъмулан дар ҳар чаҳор сол як соли кабиса мешавад ва илова бар он барои таъдили дақиқтар дар давраҳои бузургтар, бо ҳазф ё афзудани фосилаи байни баъзе кабисаҳо, аз онҳо коста мешавад.

Эзоҳ вироиш

  1. Фарҳанги форсии Ъамид. Кабиса чист? Маънои кабиса(тоҷ.). vazhaju.com. Вожаҷӯ. 29 феврали 2020 санҷида шуд.