Галина Степанова
Савелева Галина Дмитриевна (17.03.1921, Лисково, Русия — 1999, Маскав) — актрисаи театр, Ҳунарпешаи хизматнишондодаи ҶШС Тоҷикистон (1953), Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон (1960).
Савелева Галина Дмитриевна | |
Таърихи таваллуд: | 17 март 1921 (103 сол) |
Касб: | ҳунарпеша |
Зиндагинома
вироишСоли 1945 Институти умумииттифоқии кинематографияи ш. Маскавро ба итмом расонда, муддате дар Театри хурди Маскав фаъолият доштааст. Солҳои 1949—1985 актрисаи Театри давлатии драмаи русии ба номи В. Маяковский буд. Дар саҳнаи он беш аз сад нақш иҷро кардааст, симои қаҳрамононашро хуб мекушод, хоса образҳои лирикиро дар ғояти баланд меофарид. «Макр ва муҳаббат», «Моҳихӯрак», «Майити зинда», «Писари ман Володя», «Сафи ғайриоддӣ», «Мария Стюарт», «Орфей ба дӯзах меравад», «Табиби бузург», «Соли пурошӯб», «Саҳифаи ҳаёт», «Директор», «Меҳмонхонае дар чорраҳа», «Мазҳакаи кӯҳна», «Гунаҳкорони бегуноҳ», «Вохӯрӣ бо ҷавонӣ», «Миллион барои табассум», «Ҳукми ҷаҳолат», «Пул барои Мария» номгӯи нопурраи спектаклҳост, ки номрафта дар онҳо нақши марказӣ офаридааст.
Ҷоизаҳо
вироишБо орденҳои Байрақи Сурхи Меҳнат, «Нишони Фахрӣ», медалҳо ва Грамотаҳои Фахрии Президиуми Совети Олии Тоҷикистон муко-фотонида шудааст.
Эзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- Арбобони фарҳанги тоҷик. Донишнома / Муаллиф-мураттиб Ёрмуҳаммади Сучонӣ. — Душанбе, 2016. — 863 с.
Ин мақолаи хурд дар бораи одам аст. Бо густариши он ба Википедия кӯмак кунед. Дар сурати имкон ин ёддошт бояд дақиқтар ҷойгузин шавад. |