Сте́фан Ба́нах (лаҳӣ: Stefan Banach; 30 марти 1892, Краков — 31 августи 1945, Лвов) — риёзидони лаҳистонӣ, профессори Университети Лвов (1924), декани факултети физика ва математикаи ҳамин донишгоҳ, узви вобастаи АИ ҶШС Украина ва АИ Полша

Стефан Банах
лаҳӣ: Stefan Banach
Таърихи таваллуд 30 март 1892(1892-03-30)[1][2][3][…]
Зодгоҳ
Таърихи даргузашт 31 август 1945(1945-08-31)[4][5][1][…] (53 сол)
Маҳалли даргузашт
Кишвар
Фазои илмӣ риёзиёт ва таҳлили тобеъӣ[d]
Ҷойҳои кор
Дараҷаи илмӣ: доктори фалсафа[d] (1920)
Алма-матер
Роҳбари илмӣ Hugo Steinhaus[d] ва Kazimierz Twardowski[d][8]
Шогирдон Marceli Stark[d][1], Josef Schreier[d] ва Stanisław Ulam[d]
Ҷоизаҳо
ордени Уқоби сафед
Логотипи Викигуфтовард Гуфтовардҳо дар Викигуфтовард
Логотипи Викитека Осор дар Викитека
 Парвандаҳо дар Викианбор

Таҳқиқот вироиш

Банах дар соҳаи таҳлили функсионалӣ таҳқиқот бурдааст. Яке аз соҳаҳои таҳлили функсионалӣ «Фазои Банах» номида мешавад. «Фазои Банах» ё «Алгебраи Банах» алгебраи ассотивист нисбат ба майдони комплексӣ ё ҳақиқӣ. Фазои хаттие, ки дар он функсионалҳои хаттӣ ва операторҳоро меомӯзанд, ба номи Б. машҳур аст (теоремаи Хан-Банах). Ба номи Банах инчунин хориқа (парадокс)-и дучандшавии кура «Хориқаи Хаусдорф — Банах — Тарский» номида шудааст, ки тибқи он кураи сеченаро ба порчаҳо тақсим карда, аз он дуто ҳамин хел кура ҳосил кардан мумкин аст. Теоремаи кашфкардаи ӯ (1922) мавҷудият ва ягонагии нуқтаи сокитро дар аксҳои фазоҳои метрӣ собит мекунад. Теоремаи мазкур дар назарияи муодилаҳои дифференсиалӣ барои исботи мавҷудият ва ягонагии ҳалли баъзе синфҳои муодилаҳо истифода мешавад.

Асари асосии ӯ «Назарияи амалҳои хаттӣ» ба забонҳои полякӣ, фаронсавӣ ва украинӣ нашр гардидааст.

Эзоҳ вироиш

Сарчашма вироиш