Стресс (аз англ. stress — ба маънои шиддат), фишори равонӣ — вазъи умумии пуршиддати организм, ки аз таъсироти ягон фавқулангеза ба амал меояд.

Таърихи истилоҳ

вироиш

Истилоҳи стрессро бори аввал стресс 1936 олими Канада Г.Селе ба илм дохил кардааст. Ӯ исбот намуд, ки ҳангоми ба организм таъсир расондани фавқулангезаҳо (стрессорҳо) гипофиз тарашуҳи гормони адренокортикотропи (муқаввии фаъолияти қишри ғадуди болои гурда)-ро мефизояд; дар натиҷа миқдори зиёди гормонҳо — кортикостероидҳо ба хун дохил мешаванд. Мағзи ғадуди болои гурда зимни стресс адреналин ихроҷ мекунад. Адреналин ва гормонҳои дигар дар навбати худ механизмҳоеро ба таҳрик меоранд, ки ба туфайли онҳо организм ба шароити нав мутобиқ мегардад. Тарзи ин гуна мутобиқат барои таъсироти ангезаҳои ҷисмонӣ, химиявӣ, эҳсосотӣ ва ғ., яъне барои ҳама навъҳои стресс умумӣ мебошанд. Аз далелҳои дар боло зикршуда мафҳуми алоим (синдром)-и умумии мутобиқат ба миён омад. Алоими умумии мутобиқат вокуниши мӯътодӣ бошад ҳам, дар баъзе мавридҳо (мастресс, ҳангоми такрор ёфтан ё пурзӯр будани таъсир) метавонад асоси сар задани беморӣ гардад, чунки гоҳо ихроҷи гормонҳо аз дараҷаи зарурат зиёд шуда, ба организм зарар мерасонад. Дараҷаи таъсири стресс ба инкишофи беморӣ аз вазъи пештараи организм вобаста аст. Чунончӣ, дар беморони фишори хунашон баланд стресс вазнинтар гузашта, сабаби бӯҳрони ғалаёни хун (гипертония) мегардад; ҳангоми илтиҳоби меъда ё рӯда мумкин аст дар ин узвҳо захмҳои хуншор пайдо шавад. Дар натиҷаи стресс маҳв гаштани баъзе ҷойҳои мушаки дил аз имкон берун нест. Махсусан ҳолатҳои эҳсосотии стресс мавқеи муҳим доранд (мастресс, ҷанҷолҳои сахт). Ҳангоми тез-тез рух додани чунин ҳолатҳо кори ғадуди болои гурда табоҳӣ ёфта, муқовимати организмро ба таъсироти омилҳои зараровар заиф месозад.

Дар пайдоиши аломатҳои мутобиқат ғайр аз гормонҳои гипофиз ва ғадудҳои болои гурда, асабҳо низ мавқеи муайян доранд. Муқаррар шудааст, ки фавқулангеза дар ибтидо асабҳои симпатӣ ва марказҳои олии асабро ангехта, сипас аз он ҷо ба гипофиз ва ғадудҳои болои гурда мегузарад. Вокуниши дигар ғадудҳои эндокринӣ низ аз эҳтимол дур нест. (ниг. Системаи эндокринӣ).

Адабиёт

вироиш
  • Лапин И. П., Стресс. Тревога. Депрессия. Алкоголизм. Эпилепсия, СПб., 2004;
  • Савельева Ю., Лечение стрессов и нервных заболеваний, М., 2006.

Пайвандҳо

вироиш