Субҳон Атоуллоев
Субҳон Атоуллоев (1936, деҳаи Шашкати ноҳияи Панҷакент — 1977, Душанбе) — забоншиноси тоҷик, нозади илми филология (1970). Хатмкардаи факултаи филологияи Институти давлатии педагогии шаҳри Душанбе (1962). Ходими хурди илмӣ, сипас ходими калони илмии ИЗА-и ба номи Рӯдакии АИ ҶТ буд. Атоуллоев дар таълифи ҷ-ҳои 4-5 асари панҷҷилдаи «Шеваи ҷанубии забони тоҷикӣ» иштирок кардааст. Ба қалами Атоуллев инчунин рисолаи «Саидризо Ализода» (1976) ва мақолаву рисолаҳо оид ба ҷумлаҳои пайрави мубтадову хабар дар забони тоҷикӣ, пайвандакҳо дар шеваи ҷанубии забони тоҷикӣ тааллуқ доранд. Бо Мукофоти давлатии ҶТ ба номи Абуалӣ ибни Сино сарфароз гардидааст (2001; баъд аз вафот).
Атоуллоев Субҳон | |
Таърихи таваллуд | 1936 |
Зодгоҳ | деҳаи Шашкати ноҳияи Панҷакент |
Таърихи даргузашт | 1977 |
Маҳалли даргузашт | Душанбе |
Фазои илмӣ | забоншиноси тоҷик |
Эзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- Атоуллоев Субҳон / М. Маҳмудов // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.