Субҳон Мухторов
Субҳон Нӯъмонович Мухторов (21.06.1935, Самарқанд — 10.12.2001, Душанбе, дар Самарқанд дафн шудааст) — риёзидон, омӯзгор, номзади илмҳои физика ва математика, дотсент.
Субҳон Нӯъмонович Мухторов | |
Таърихи таваллуд | 21 июн 1935 |
Зодгоҳ | Самарқанд |
Таърихи даргузашт | 10 декабр 2001 (66 сол) |
Маҳалли даргузашт | Душанбе |
Кишвар | Тоҷикистон |
Фазои илмӣ | риёзиёт |
Ҷойҳои кор | Донишгоҳи миллии Тоҷикистон |
Дараҷаи илмӣ: | номзади илмҳои физика ва математика |
Унвонҳои илмӣ | дотсент |
Алма-матер | Донишгоҳи миллии Тоҷикистон |
Зиндагинома
вироишСубҳон Нӯъмонович Мухторов соли 1952 ба факултаи физика ва математика УДТ ба номи В. И. Ленин шомил гардида, онро соли 1957 бо ба итмом расондааст. Ассистенти кафедраи физика ва математика УДТ ба номи В. И. Ленин (1957-1961), аспиранти (1961-1966), муаллим (1966-1969), мудири кафедраи методикаи математика (1969-1976), декани фак. физика ва математика (1976-1980), мудири кафедраи математикаи олии УДТ ба номи В. И. Ленин (1980-1989). Муаллифи беш аз 30 асари илмию методӣ, мақолаҳои зиёд ва чандин дастури методӣ доир ба математика. Бо медал ва Ифтихорномаҳои Фахрии Ҳукумати ҶТ ва соҳавӣ мукофотонида шудааст. Ӯ дорандаи нишони Аълочии маорифи Тоҷикистон мебошад.
Сарчашма
вироиш- Аслҳо ва наслҳо. – Душанбе, 2013. - С. 78 ISBN 978-99947-958-2-6