Сулаймон Алиев

олими тоҷик

Сулаймон Нозимович Алиевравоншинос ва омӯзгор, мутахассиси соҳаи методикаи таълими забони хориҷӣ, номзади илмҳои равоншиносӣ (1974), доктори илмҳои педагогӣ (2009), профессор (2010). Дорандаи нишони Аълочии маорифи Тоҷикистон» (1991) ва медали «Хидмати шоиста» (2004)

Сулаймон Алиев
Сулаймон Нозимович Алиев
Таърихи таваллуд 25 апрел 1945(1945-04-25)
Зодгоҳ ноҳияи Сариосиё , ҶШС Ӯзбекистон
Таърихи даргузашт 25 август 2021(2021-08-25) (76 сол)
Маҳалли даргузашт Душанбе
Кишвар  Тоҷикистон
Ҷойҳои кор Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ
Дараҷаи илмӣ: доктори илмҳои педагогика
Унвонҳои илмӣ профессор
Алма-матер Донишгоҳи миллии Тоҷикистон

Зиндагинома

вироиш

Солҳои 1962–1966 дар шуъбаи забони англисии факултети забонҳои хориҷии Донишкадаи давлатии омӯзгории ш.Душанбе ба номи Т.Г. Шевченко таҳсил кардааст. Солҳои 1968–1970 аспиранти кафедраи равоншиносии донишкадаи омӯзгории пойтахт буд, ки дар лабораторияи омӯзиш ва инкишофи фикрии Институти психологияи умумӣ ва омӯзгории АИО ИҶШС (ш. Маскав) рисолаи номзадиро ба анҷом расонид. Солҳои 1971–1998 дар кафедраи равоншиносии Донишкадаи давлатии омӯзгории ш.Душанбе ба сифати муаллим, муаллими калон, дотсент, и.в. мудири кафедра ва ду маротиба ба ҳайси мудири кафедра ифои вазифа кардааст. Аз соли 1998 то имрӯз мудири кафедраи методикаи таълими забони англисии донишгоҳи омӯзгорӣ мебошад. 50 соли ҳаёташро бо фаъолияти омӯзгорӣ бахшида, собиқаи илмию омӯзгориаш дар мактаби олӣ 40 солро ташкил медиҳад.

Фаъолияти илмӣ

вироиш

Дар тадқиқоти худ масъалаҳои пурсамаргардонии таълими забони англисӣ дар донишгоҳ, омӯхтани омодагии донишҷӯёни шуъбаи забони англисӣ ба касби омӯзгорӣ, тадқиқи асосҳои илмию педагогии инкишофи салоҳияти касбии донишҷӯён дар заминаи муносибати системӣ, инкишофи салоҳияти касбию омӯзгории донишҷӯён дар ҷараёни омӯзиши фанҳои тахассусӣ, методикаи таълими забони англисӣ, психологию педагогӣ ва дар рафти таҷрибаомӯзӣ дар мактаби таҳсилоти умумӣ, амалӣ гардонидани муносибати коммуникативӣ нисбати мундариҷа ва методикаи таълими забони англисӣ дар шароити ислоҳоти мактаби таҳсилоти умумӣ ва олӣ мавриди омӯзиш ва баррасӣ қарор додааст. Муаллифи зиёда аз 130 номгӯи асарҳои илмӣ ва методӣ, аз ҷумла 2 монография, 4 воситаи таълимӣ, 6 дастури таълимӣ-методӣ, 4 маҷмӯаи илмӣ ва 10 барномаи таълимӣ мебошад. Дар таҳияи барномаҳо оид ба такмили сифати тайёр намудани мутахассисони соҳаи омӯзгорӣ фаъолона ширкат варзида, солҳои тӯлонӣ мураттиби стандартҳои давлатии таҳсилоти олӣ ва нақшаҳои таълимӣ аз ихтисоси забони хориҷӣ мебошад. Ӯ тадқиқоти илмиро бо фаъолияти омӯзгорӣ пайваста, дар факултети забони англисӣ аз курси методика ва технологияи таълими забони хориҷӣ дарс мегӯяд. Ҳамчун омӯзгор, олим ва роҳбар дар ташаккули шахсияти донишҷӯёни факултет, тарбияи мутахассисони ҷавони кафедра ва фаъолияти илмӣ- тадқиқотии унвонҷӯёну аспирантон саҳми шоиста дорад. Алиев С. Н. дар назди факултети психологияи Донишгоҳи Давлатии ш.Москва (МГУ) ба номи Ломоносов се маротиба (1973, 1978, 1983) аз курси такмили ихтисос гузаштааст. Ӯ солҳои 1996 ва 2000 ҳамчун ғолиби барномаҳои озмунӣ ба ҳайси коромӯз-муҳаққиқ дар ИМА буд. Дар анҷуманҳои равоншиносони Иттиҳоди Шӯравӣ, чандин конфренсияю семинарҳои ҷумҳуриявӣ, минтақавӣ, умумииттифоқӣ, байналмилалӣ (шаҳрҳои Москва, Владимир, Тула, Чебоксарӣ, Тбилисӣ, Алмато, Бишкек, Тошкент, Горловка (Украина) ва хориҷи кишвар (Австрия, ИМА, Туркия, Италия) ширкат варзида, бо маърӯзаҳо баромад кардааст.

  • Научно-педагогические основы развития профессиональной компетенции будущих учителей иностранного языка: Монография. - Душанбе: Ирфон, 2008. - 260 с.;
  • Состояние функционирования иностранного языка и подготовки педагогических кадров в Республике Таджикистан: Монография. - Душанбе: Ирфон, 2009. - 170 с.;
  • Основы практической психологии образования: Учебно-методическое пособие / Под ред. доцента С.Н. Алиева. - Душанбе: Нодир, 2004. - 512 с.;
  • Общая методика обучения иностранным языкам: Учебное пособие для педагогических вузов. - Душанбе, 2013. - 17.0 п.л. (на тадж. яз.);
  • Педагогическая практика студентов факультетов иностранных языков // Учебно-методическое пособие в помощь преподавателям и студентам-практикантам. -Душанбе, 2014. -.3.0 п.л. (на таджикском языке);
  • Англо-таджикский университетский словарь. (Алиев С.Н. (ред)., А. Мамадназаров). - Душанбе:Эр-граф, 2009. - 486 с. - 30.0 п.л. (на тадж. яз);
  • Оптимизация обучения иностранным языкам в высшей школе. Материалы респ. научно-прак. конференции (20-21 ноября 2013 г.) / Под. общ. ред. профессор Алиева С.Н. -Душанбе, 2013. - 12,5 п.л.;
  • Актуальные проблемы методики обучения иностранным языкам на современном этапе. Материалы респ. научно-прак. конференции (19-20 ноября 2010 г.) / Под. общ. ред. профессор Алиева С.Н. -Душанбе, 2010.-15,5 п.л.;
  • Психолого-педагогические вопросы профессионального становления студентов педагогического вуза // Сб. научных трудов / Под ред. С. Алиева и И.Тупайло. -Душанбе,1990. - 120 с.;[1]
  • Психолого- педагогические вопросы профессионального становления студентов педагогического вуза // Сб. научных трудов / Под ред. С. Алиева и И.Тупайло, Д., 1990;
  • Равоншиносии синну сол ва омӯзгорӣ. Васоити таълим барои донишгоҳҳои омӯзгорӣ. Қисми 1. - Душанбе,2003;
  • Основы практической психологии образования: Учебно- методическое пособие / Под ред. доцента С.Н. Алиева. - Душанбе,2004;
  • Научно-педагогические основы развития профессиональной компетенции будущих учителей иностранного языка. - Душанбе,2008;
  • Спецсеминар – важное средство формирования профессиональной компетенции будущего учителя иностранного языка // Журн. Иностранные языки в школе, М., 2008, №2;
  • Социально-правовой контекст совершенствования обучения русскому и английскому языкам в системе образования Таджикистана // Журн. Вопросы филологии, М., 2007, №3(27).

Пайвандҳо

вироиш

Энсиклопедияи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ