Султони Ҳамад
Cултони Ҳамад (Султон Ҳамадов; 3 апрели 1952, ноҳияи Тавилдара, ҶШС Тоҷикистон — 6 июни 2019, Душанбе, Тоҷикистон) — рӯзноманигор, нависанда, донишноманавис, муҳаққиқ ва пажӯҳишгари сурудаҳои сарояндаи шинохтаи Шарқ Аҳмад Зоҳир. Аълочии матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон (2009). Дорандаи Ҷоизаи Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ба номи Абулқосим Лоҳутӣ (2002).
| |
Ном ба ҳангоми таваллуд: | Султон Ҳамадов |
Таърихи таваллуд: | 3 апрел 1952 |
Зодгоҳ: | ноҳияи Тавилдара, ҶШС Тоҷикистон |
Таърихи даргузашт: | 6 июн 2019 (67 сол) |
Маҳалли даргузашт: | Душанбе |
Шаҳрвандӣ: | Тоҷикистон |
Навъи фаъолият: | |
Ҷоизаҳо: | Ҷоизаи Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ба номи Абулқосим Лоҳутӣ (2002) |
Зиндагинома
вироишCултон Ҳамад 3 апрели соли 1952 дар ноҳияи Тавилдара дар оилаи хизматчӣ таваллуд шудааст. Мактаби таҳсилоти ҳамагониро соли 1969 дар ноҳияи Ҷилликули вилояти Хатлон хатм карда, ба факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи Давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин дохил шуда, онро соли 1974 хатм кардааст.
Фаъолият
вироишСолҳои 1974—1978 дар мактаби миёнаи рақами 2-и ноҳияи Ҷилликул аввал ба ҳайси муаллими забони тоҷикӣ, баъдан ҷонишини директор ифои вазифа намудааст.
Аз моҳи июни соли 1978 то августи соли 1980 аввал ба ҳайси хабарнигор, сипас ба сифати муҳаррири шуъбаи барномаҳои ҷамъиятиву сиёсӣ дар радиои вилояти Қӯрғонтеппа кор кардааст.
КБД ҶШС Тоҷикистон
вироишМоҳи августи соли 1980 ба Кумитаи Бехатарии Давлатии (КБД) Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон (КГБ) ба кор даъват шуда, барои таҳсил ба Мактаби Олии КГБ СССР ба шаҳри Маскав фиристода мешавад.
Ин донишкадаро моҳи августи соли 1982 бо ихтисоси ҳуқуқшиноси масоили байналмилалӣ хатм намуда, баъдан дар ин мақомот то соли 2000 дар вазифаҳои гуногун кору фаъолият кардааст.
Комиссияи оштии миллӣ
вироишАз соли 1993 то соли 1997 мушовири сиёсии раиси Иттиҳоди нерӯҳои мухолифини тоҷик (ИНОТ) дар Афғонистон буд.
Моҳи декабри соли 1996 баъди мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон ва Сайид Абдуллоҳи Нурӣ дар Хустдеҳи Афғонистон барои татбиқи Созишномаи миёни онҳо ба имзорасида, дар як ҳайати баландпояи муштараки сиёсиву низомии ба манотиқи ҷангзада рафта, ду тарафи даргирро ба мусолиҳа даъват карданд.
Ин ҳайат бо раҳбарии Амирқул Азимов аз ҷониби ҳукумат ва Давлат Усмон аз ҷониби мухолифин ташкил шуда буд. Дар ин сафар Султони Ҳамад ҳамчун муовини Давлат Усмон ҳайатро ҳамроҳӣ мекард.
Фаъолияти ин ҳайат таҳти миёнҷигарии мушовирони низомии СММ сурат мегирифт ва он то омадани ҳайати Комиссияи оштии милллӣ (КОМ) ба Душанбе дар сентябри соли 1998 идома кард. Баъдан, фаъолияти ин ҳайати баландпояи муштараки низомиву сиёсиро зеркомиссияи КОМ зеркомиссияи низомӣ ва сиёсӣ идома доданд.
Аз соли 1998 то 1999 раҳбари дафтари матбуотии ИНОТ буд, ки дар бинои Комиссияи оштии миллӣ фаъолият мекард.
Рӯзноманигорӣ
вироишСолҳои 2001—2006 ба ҳайси тарҷумон ва хабарнигори гурӯҳи эҷодии ТВ-6-и Русия, ТВ-Чехия, маҷаллаи «Регард сур лест» («Нигоҳе ба Шарқ») — и Фаронса, бахши тоҷикии радиои «Озодӣ» ба Афғонистон борҳо сафар карда, кору фаъолият намудааст.
Дар натиҷаи ин сафарҳо як силсила мақолаҳои публисистӣ дар саҳифаҳои ҳафтаномаҳои «Тоҷикистон», «Чархи гардун», «Зиндагӣ» ва дигар нашрияҳо ба чоп расондааст.
Инчунин дар ҳамин давра аз соли 2003 то соли 2004 Сардабири ҳафтаномаи Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон «Наҷот» буд, дар ҳамин давра ин нашрия аз 8 саҳифа ба 16-саҳифаӣ табдил ёфт.
Ӯ муассиси сомонаи мустақили ҷамъиятиву сиёсии «Рӯзгор» (дар соли 2009 то 2015)ва аз моҳи июни соли 2013 то августи соли 2014 сардабири ҳафтаномаи «Рӯзгор» ва аз соли 2017 сардабири сомонаи мустақили ҷамъиятиву сиёсии интернетии «Рӯзгор». Муаллифи чандин китобу мақолаҳои публитсистӣ дар матбуоти даврӣ.
Донишноманигорӣ
вироишДар СИЭМТ ба ҳайси аксбардор, муҳаррир, муҳаррири пешбар, мудири редаксияи Иқтисодиёт, саноат ва кишоварзӣ кор кардааст (2015‒2017). Китоби «Что говорит „Библия“ о Мухаммеде?»-и Аҳмад Дидотро аз забони русӣ ба тоҷикӣ тарҷума кардааст. Давоми фаъолияташ дар СИЭМТ дар таҳриру тадвини мақолаҳои марбут ба иқтисод, саноат ва кишоварзӣ дар ҷилди 4-и «Энсиклопедияи Миллии Тоҷик» саҳм гузоштааст. Чанде аз мақолаҳои марбут ба санъат дар ҷилдҳои 5‒6-и «Энсиклопедияи Миллии Тоҷик» ба қалами ӯ тааллуқ доранд.
Ҷоизаҳо
вироишБо Ифтихорномаи Фахрии Президиуми Совети Олии ҶШС Тоҷикистон (1988) ва медалҳои «70-солагии Қувваҳои Мусаллаҳи СССР» (1988), «10-солагии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон» (2004) сарфароз гардидааст. Ғолиби озмуни САҲА «Беҳтарин мақола дар мавзӯи сиёсӣ» (2004). Узви ИЖ Тоҷикистон (2007).
Даргузашт
вироишСултони Ҳамад шоми 6 июни соли 2019 дар шаҳри Душанбе, дар хона ва дар миёни фарзандону дигар наздиконаш дар синни 68-солагӣ бар асари бемории саратони меъда, ки тайи 8 моҳи ахир аз он ранҷ мекашид, даргузашт[1]. Маросими ҷанозаи Султони Ҳамад 7 июн, баъд аз намози ҷумъа дар масҷиди Аминҷон баргузор гашт ва дар оромгоҳи «Сари Осиё»-и Душанбе ба хок супурда шуд[1].
Осор
вироиш- Аз Ардашер то Шери Панҷшер. Д., 2002;
- Аҳмад Зоҳир ‒ султони қалбҳо. Д., 2005;
- Дар суҳбати соҳибдилон. Д., 2007;
- Пайванди Аҳмад Зоҳир бо Мавлавӣ. Д., 2007;
- Низоъ, терроризм ва рисолати рӯзноманигорон. Д., 2007;
- Рӯдакӣ чанг бигрифту навохт. Д., 2009;
- Аҳмад Зоҳир ва мусиқии Ғарб. Д., 2009;
- Султони қалбҳо. Д., 2012;
- Дар пайраҳаи нур. Д., 2013;
- Бурхи Валӣ ‒ дӯсти Худо. Д., 2013;
- Маҳбуби дилҳо. Алмаато, 2013.
Эзоҳ
вироиш- ↑ 1.0 1.1 То охири умр ба таҳқиқ машғул ва шефтаи ҳунари Аҳмад Зоҳир буд(тоҷ.). Радиои Озодӣ (6 июни 2019). 7 июни 2019 санҷида шуд.
Сарчашма
вироиш- Султони Ҳамад | TojNews(тоҷ.). www.tojnews.org. 3 апрели 2018 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 29 Декабри 2019.