Султонмурод Ҳоҷибоев

Султонмурод Ҳоҷибоев - Узви Конфедератсияи рӯзноманигорони байналхалқӣ ва аъзои Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон мебошад.

Султонмурод Ҳоҷибоев
Таърихи таваллуд соли 1943
Зодгоҳ Шаҳри Уротеппа

Зиндагинома

вироиш

Султонмурод Ҳоҷибоев соли 1943 дар деҳаи Болғалӣ тавлид ёфта, пас аз хатми мактаби миёна ба факултаи забон ва адабиёти Донишкадаи олии педагогии шаҳри Ленинобод (Хуҷанди ҳозира) дохил гардида, онро соли 1969 хатм намудааст. Аз соли 1962 фаъолияти педагогии ӯ оғоз меёбад. Соли 1983 то имрӯз дар идораи газетаи шаҳрии «Паёми Истаравшан» кор мекунад.

Эҷодиёт

вироиш

Шеърҳои ӯ дар ду ҷилди алманахҳои «Ёшлик» (1979, 1981), дар китобҳои хрестоматияҳои «Барои гурӯҳи калонсолони боғчаҳо», «Хрестоматияи бачаҳо» (Тошкент, нашриёти «Ӯқитувчӣ»), «Бойчечак» (Тошкент, нашриёти «Ёш гвардия»), «Ҳавлӣ пур аз бачаҳо» (Тошкент, нашриёти «Чӯлпон»), китобҳои алоҳида «Ман ба моҳ баромадам» (Душанбе, «Ирфон», 1985), «Алифбои шавқовар» (Тошкент, нашриёти «Юлдузча», 1989) ва як чанд китобҳои дастаҷамъии тоҷикӣ чоп шудааст. Шеърҳои ӯ дар китобҳои дарсии синфҳои 1, 2, 3, 4, 5 низ ҷой дода шудааст.

Китоби «Алифбои шавқовар»-и ӯ дар конкурси нашриёти «Юлдузча» (Ӯзбекистон) ҷои якумро гирифтааст. Ӯ дар конкурси рӯзномаи «Совет Тоҷикистони» низ барои шеърҳои беҳтарини сол ҷои якумро ишғол намудааст.

Мӯйсафеди нуронӣ
Эҳ, мӯйсафед шудан нағз,
Бовар кун, ки гапам рост.
Дарс тайёр намекунӣ,
Аз «ду»-гирӣ ҷон халос.
Чой нӯшида мешинӣ,
Набераат дар зону.
Эҳ, мӯйсафед мешудам,
Мӯйсафеди нуронӣ...
Ид аст
Хурсандии Насимҷон
Ҳадду канор надорад.
Охир, дар рӯзномааш
Як «панҷ»-и калон дорад.
Рӯзномаи ӯ «5»-ро
Аз ростӣ, акнун дидаст.
Ба хона мешитобад,
Дар хона имрӯз ид аст.
Номмонӣ
Ба дунё омад кӯдак,
Ӯро номе лозим буд.
Номаш Ширин, - гуфт падар,
Ба модар ҳам маъқул шуд.
— Не, номи дигар монем,
Зорӣ мекард Бароҳат.
Боз хӯрданӣ нашаванд,
Бачаҳои нафсаш бад.
Сар монад
Канори раҳ ҳар баҳор,
Тухми гулҳо мекоштам.
Медонед-мӣ, аз ин ман
Чӣ гуна мақсад доштам?
Надонед, гуфта диҳам,
То ин ки ҳама донад.
Чун раҳ равад модарам,
Гул ба пояш сар монад...

Ҷоизаҳо

вироиш

Султонмурод Ҳоҷибоев соҳиби Ҷоизаи адабии Зуфархон Ҷавҳаризода мебошад.

Баёзи адибони Истаравшан - Душанбе: "Эҷод", 2009.- 288 саҳ.