Суркат (деҳа, н. Истаравшан)
Сурхкат — деҳа дар ҷамоати деҳоти Пошкенти ноҳияи Истаравшан. Аз Сурхкат то маркази ҷамоат 3 км, то маркази ноҳия 4 км. Аҳолиаш 3724 нафар (2017).
Деҳа | |
Сурхкат | |
Кишвар | Тоҷикистон |
Вилоят | Суғд |
Ноҳия | Истаравшан |
Ҷамоат | Деҳоти Пошкент |
Таърих ва ҷуғрофиё | |
Таъсис | асри XVII |
Минтақаи замонӣ | UTC+5:00 |
Аҳолӣ | |
Аҳолӣ | 3724 тан (2017) |
Миллият | тоҷикон |
Эътиқодот | мусулмонони ҳанафимазҳаб |
Забони расмӣ | тоҷикӣ |
Пешшумораи телефон | +992 3454 |
Таърих
вироишМардуми деҳаи Суркати шаҳри Истаравшан аз деҳаи Сурхкати н. Кӯҳистони Масчоҳ кӯчида омадаанд. Аслан номи асосии деҳа Сурхкат мебошад ва дар забони гуфтугӯии мардум Суркат мебошад. Деҳаи Сурхкати Мастчоҳи кӯҳӣ, хоку кӯҳу пуштааш сурх буда барои ҳамин Сурхкат мегӯянд. Дар садаи XVII дар ин деҳа (Сурхкати Масчоҳи кӯҳӣ) ярч яъне лағжиши кӯҳ ба вуҷуд меояд. Дар деҳа кӯҳе бо номи Испотан мавҷуд аст, ки порае аз он ҷудо шуда деҳа зери хоку санги аз куҳ фаромада мемонад. Ин ҳодиса нифирӯзӣ ба амал омада мардуми қобили меҳнати деҳа дар дигар қисмати деҳа ба кишоварзӣ машғул буда, дар деҳа танҳо занону кӯдакон иқомат доштанд. Деҳа пурра нопадид гашта зери сангу хоки ярч монд. Он замон волости Мастчоҳ ки ба уезди Уроттеппа (Истаравшани имрӯза) тобеъ буд мардум ба ин қисмат кӯчонида шуданд. Аҳолии деҳа ба деҳа номи деҳаи аҷдодии худ Сурхкат (дар гуфтугу Суркат) ро монданд. Қисмате аз мардуми деҳа дубора барои эхёи деҳаи аҷдодӣ ба Сурхкати Кӯҳистони Масчоҳ бармегарданд.
Эзоҳ
вироишСарчашма
вироиш- Тақсимоти маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон — Д.: СИЭМТ, 2017. — 580 с. — ISBN 978-99947-33-68-2