Суруд, ҳофизӣ, шеър, кӯчабоғӣ – яке аз жанрҳои машҳуру серистеъмоли фолклори тоҷик мебошад, ки дар контексти ҷашнҳои мавсимию иҷтимоӣ, ҷашни арӯсӣ, маросимҳои шодӣ, нишасту маҳфилҳо ва дигар мавридҳо корбурди зиёд дорад. Суруд чунин жанри маъмули фолклори тоҷик мебошад, ки аз матнҳои манзуми гуногуннавъ иборат буда, бо оҳанг сароида мешавад. Яъне матнҳои он сохтору шакли ягона надоранд, онҳо аз дигар жанрҳои манзум ба мисли рубоӣ, дубайтӣ, маснавӣ, ғазал, анвои мусамматҳо (мусаллас, мураббаъ, мухаммас), таркиббанду тарҷеъбанд, қитъа ва ғайра таркиб меёбанд. Дар саросари кишвар фаъол аст.[1][2]

Эзоҳ вироиш

  1. Феҳристи миллии намунаҳои мероси фарҳангии ғайримоддӣ./ Пажӯшиҳгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанги ҶТ - Душанбе: "Ирфон", 2014, - С. 64
  2. ПИТФИ Феҳристи миллии намунаҳои мероси фарҳангии ғайримоддӣ (пайванди дастнорас)