Сурхакон
Сурхакон (лот. rubella) ё сурхча, (форсӣ: سرخجه), гулгуна — як навъ бемории шадиди сироятӣ. Ҳангоми Сурхакон ҳарорат баланд шуда зуком ва сурфа ба вуҷуд меояд, гиреҳҳои лимфавии пушти сар калону дардманд мешаванд, дар пӯст доначаҳо медаманд. Ангезандаи Сурхакон вирус буда, он тавассути қатраҳои балғам, оби даҳон ва луоби бемор ҳангоми сурфа, атса, гуфтугӯ ба ҳаво паҳн мегардад. Вирусҳоро одамони солим нафас гирифта, бемор мешаванд. Ба Сурхакон одамони синнашон гуногун (бештар кӯдакони аз 2 то 10-сола) сироят меёбанд. Одамони калонсол камтар бемор мешаванд. Баъди аз сар гузаронидани беморӣ иммунитети устувор боқӣ мемонад. Беморон ду шаборӯз пеш аз дамидани доначаҳо, ҳамчунин баъди нест шудани тамоми нишонаҳои беморӣ (то 2 ҳафта ва зиёдтар) низ барои дигарон сироятнок мебошанд.
Сурхакон | |
---|---|
Ихтисос | Инфектология, neonatology |
МКБ-10 | B06. |
---|---|
МКБ-9 | 056 |
DiseasesDB | 11719 |
MedlinePlus | 001574 |
eMedicine | emerg/388 Шаблон:EMedicine2 Шаблон:EMedicine2 |
MeSH | D012409 |
Вируси Сурхакон дар организм бидуни зуҳуроти беморӣ метавонад 16 — 21 шаборӯз маҳфуз монад (давраи ниҳонӣ). Давраи пешхабари беморӣ аз зукому сурфаи сабук оғоз ёфта, аксар вақт ҳатто зоҳир намешавад. Дар аснои Сурхакон уқдаҳои лимфавии пушти сар ва гардан варам ва каму беш дард мекунанд. Ҳамзамон бо ин аломатҳо ё баъди 1 — 2 шаборӯз дар рӯю бадани бемор доначаҳои гулобии сафедтоб пайдо мешаванд. Пас аз 2 — 3 шаборӯз доначаҳо нест гашта, пай намемонанд. Ҳарор. бемор 1 — 2 шаборӯз баланд меистад. Бисёр вақт дар тамоми давраи беморӣ таби кӯдак мӯътадил монда, ҳолати умумии ӯ тағйир намеёбад. Сурхакон мумкин ноаён ва бидуни ягон нишона низ падид ояд. Аз беморӣ боди ногувор намемонад.
Дар сурати ба Сурхакон гирифтор шудани занҳои ҳомила сирояти беморӣ ба ҷанин низ таҳдид мекунад. Соли 1941 духтури австралиягӣ Грегг муайян намуд, ки ба Сурхакон гирифтор шудани занҳои ҳомила аксар вақт боиси нуқси модарзодии кӯдакон мегардад. Сурхакон махсусан дар 3 моҳи аввали ҳомилагии хавфнок аст. Ҳангоми зиёдтар будани муҳлати ҳамл кӯдак камхун ё узвҳои дарунӣ иллатнок мешавад. Чунин кӯдакон дар давоми зиёда аз 18 моҳ (баъди таваллуд) вирус ҷудо карда, манбаи сирояти атрофиён мегарданд.
Кӯдакро дар хона духтур табобат мекунад. Ба кӯдак оромӣ ва хӯроки хушҳазм лозим аст. Барои пешгирии Сурхакон кӯдакони беморро сари вақт аз коллективҳои бачагона ҷудо нигоҳ медоранд. Занҳои ҳомила бояд худро аз беморони Сурхакон канор гиранд. Шахсоне, ки ба бемори Сурхакон нигоҳубин мекунанд, барои маслиҳат бояд ба духтур муроҷиат намоянд.
Эзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- Коровкин М. А., Почему дети болеют, М., 2003;
- Детские инфекции, М., 2005;
- Акимова Г. Е., Расту, играю, развиваюсь!, Екатеринбург, 2006.
Ин мақолаи хурд аст. Бо густариши он ба Википедия кӯмак кунед. Дар сурати имкон ин ёддошт бояд дақиқтар ҷойгузин шавад. |