Сурхкат
Сурхкат — деҳа дар ҷамоати деҳоти Иван-Тоҷики ноҳияи Кӯҳистони Масчо. Аз Сурхкат то маркази ҷамоат 18 км, то маркази ноҳия 27 км. Аҳолиаш 76 нафар (2017)
Деҳа | |
Кишвар | Тоҷикистон |
---|---|
Вилоят | Суғд |
Ноҳия | Кӯҳистони Масчо |
Ҷамоат | Деҳоти Иван-Тоҷик |
Раиси маҳалла | Мунавваров Муҳаммадшоҳ |
Таърих ва ҷуғрофиё | |
Таъсис | пеш аз мелод |
Минтақаи замонӣ | UTC+5:00 |
Аҳолӣ | |
Аҳолӣ | 76 тан (2017) |
Миллият | тоҷикон |
Эътиқодот | мусулмонони ҳанафимазҳаб |
Забони расмӣ | тоҷикӣ |
Пешшумораи телефон | +992 3479 |
Таърих
вироишДар садаи XVII дар ин деҳа (Сурхкати Масчоҳи кӯҳӣ) ярч яъне лағжиши кӯҳ ба вуҷуд меояд. Дар деҳа кӯҳе бо номи Испотан мавҷуд аст, ки порае аз он ҷудо шуда деҳа зери хоку санги аз куҳ фаромада мемонад. Ин ҳодиса нифирӯзӣ ба амал омада мардуми қобили меҳнати деҳа дар дигар қисмати деҳа ба кишоварзӣ машғул буда, дар деҳа танҳо занону кӯдакон иқомат доштанд. Деҳа пурра нопадид гашта зери сангу хоки ярч монд. Он замон волости Мастчоҳ ки ба уезди Уроттеппа (Истаравшани имрӯза) тобеъ буд мардум ба ин қисмат кӯчонида шуданд. Аҳолии деҳа ба деҳа номи деҳаи аҷдодии худ Сурхкат (дар гуфтугу Суркат) ро монданд. Қисмате аз мардуми деҳа дубора барои эхёи деҳаи аҷдодӣ ба Сурхкати Кӯҳистони Масчоҳ бармегарданд. Имрӯз деҳа зиёда аз 500 оила ва 3500 нафар аҳолӣ дорад.
Шахсияти маъруфи деҳа
вироишМулоқурбон, Мулорасул ва Мулониёз пеш аз инқилоб мадрасаи Бухороро хатм намудаанд. Карим Абдулов доктори илмҳои таърих, Шодихӯҷа Асроров номзади илмҳои филологӣ, Искандар Давлатов, Боймирзо Боймирзоев, Ҳоким Шарипов, Алимаҳмад Сафаров номзади илмҳои иқтисодӣ, Киромиддин Мухторов, Ботурхуҷа Қобилов, Сино Ҳотамӣ номзади илмҳои ҳуқуқ.
Эзоҳ
вироишСарчашма
вироиш- Тақсимоти маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон — Д.: СИЭМТ, 2017. — 580 с. — ISBN 978-99947-33-68-2