Сурхрӯда
Сурхрӯда (Esophagus), як қисми роҳи ҳозима, ки дар байни балъум ва меъда ҷойгир аст. С. аз сатҳи канори поёнии муҳраи VI-и гардан (қисми гарданӣ) оғоз ёфта, ба миёндевори қафо, сипас қад-қади сутунмуҳра ба ҷавфи сина (қисми синаӣ) мефарояд, баъдан аз сӯрохи диафрагма ба ҷавфи шикам (қисми шикамӣ) ворид шуда, ба даромадгоҳи меъда мепайвандад. Дарозии С.-и одами калонсол 22 – 26 см аст. Аз ҷониби пеши С. трахея ва камони аорта ҷой гирифтаанд. С. се ҷои танг (борик) дорад: тангии аввал дар ибтидои С. (дар ҷои аз балъум оғоз ёфтани он), тангии дуюм дар сатҳи муҳраи IV сина, тангии сеюм дар мавзеи сӯрохи сурхрӯдавии диафрагма воқеъ аст. Девораи С. аз луобпарда, зерлуобпарда, қабати мушакӣ ва пардаи берунӣ (рӯйпӯш, дар қисми шикам – пардаи зардобӣ) таркиб ёфтааст. Луобпардаи С. аз эпителияи паҳни серқабат иборат мебошад. Қисми гардании С.-ро артерияи поёнии ғадуди сипаршакл ва қисман артерияи таҳти чанбар, қисми синаиро шохаҳои аортаи синаӣ, қисми шикамиро бошад, артерияи чапи меъда бо хун таъмин месозанд. Аз С. хун ба воситаи венаҳои мувофиқи артерияҳо бозгашт мекунад. Дар қисми синаӣ шоҳроҳи асосии венавӣ венаҳои тоқ ва нимтоқӣ, дар қисми шикамӣ бошад, венаҳои мансуб ба системаи даромадгоҳӣ мебошанд. Лимфа ба гиреҳҳои лимфавии балъум, миёндевор ва меъда ҳаракат мекунад. Фаъолияти С.-ро асабҳои гумроҳ, ки дар девораи он бофт (шабака)-ро ба вуҷуд меоваранд, таъмин месозанд; ба бофти девораи С. шохаҳои танаи асабҳои симпатӣ низ ворид мешаванд. Дар С. нуқси инкишоф, осебҳо ва бемориҳои гуногун ба мушоҳида мерасанд. Ба нуқси модарзоди С. атрезия, носурҳои трахеяву сурхрӯда ва бронху сурхрӯда мансубанд. Бисёр вақт ин гуна нуқсҳои инкишоф бо атрезияи мақъад ва эктопияи пешобдон ҳамроҳ мешаванд. Атрезияи С. аз лаҳзаҳои аввали ҳаёти кӯдак падид меояд: аз даҳону бинӣ луоб мешорад, ҳангоми ғизо додан кӯдак ширро қай мекунад. Ҳангоми носури байни С. ва трахея ё бронх оби даҳон ва ғизо ба роҳи нафаси кӯдак меафтад. Дар сурати бармаҳал ташхис ва ҷарроҳӣ кардан, кӯдакро метавон аз марг раҳонд. С. дар натиҷаи таъсироти гуногуни механикӣ, химиявӣ, шуоъӣ осеб меёбад. Осебҳои С. бисёр вақт пӯшида, баъзан кушода мешаванд. С. метавонад ҳангоми эзофагоскопия, бужзанӣ, фурӯ бурдани ҷисмҳои бегона зарар бинад. Дар бештарин мавридҳо осебҳои С. бо осебҳои ғадуди сипаршакл, трахея, шуш, дил, рагҳои калони хун ҳамроҳ мегардад. С. зери таъсири моддаҳои химиявӣ, хусусан кислотаю ишқорҳо месӯзад. Дар ин маврид меъда низ осеб меёбад. Ба бемориҳои С. кардиоспазм, дивертикулаҳо, илтиҳоб (эзофагит), захм ва ғ. мансубанд. Аз омосҳои некфарҷом дар С. полипҳо, киста, фиброма, невринома ва лейомиома, аз омосҳои бадфарҷом саратон ва саркома пайдо мешаванд. Омосҳо асосан дар тангиҳои физиологии С. ташаккул меёбанд. Муолиҷаи бемориҳои С. ба тавассути доруҳои гуногун, амалиёти ҷарроҳӣ, шуоъшифоӣ ва ғ. сурат мегирад.
Нигаред
вироишАдабиёт
вироишАбдураҳмонов Ф.А., Анатомияи одам, ҷ. 1 – 2, Д., 1995, 1998; ҳамон муаллиф, Атлас – учебник по функциональной анатомии человека, ҷ. 1 – 2, Д., 2006, 2008; Агаджанян Н.А. (ва диг.), Основы физиологии человека, М., 2009. Ф.А. Абдураҳмонов. КЛ Расми 1. Сурхрӯда ва меъда (нақша). 1 – қисми ханҷаравии балъум; 2 – сурхрӯда; 3 – қисми шикамии сурхрӯда; 4 – қаъри меъда; 5 – танаи меъда; 6 – каҷии калони меъда; 7 – рӯдаи дувоздаҳангушта; 8 – қисми баромадгоҳи меъда; 9 – диафрагма; 10 – қисми синагии аорта; 11 – камони аорта. Расми 2. Сурхрӯда; бурриши арзӣ. 1 – пардаи берунӣ; 2 – қабати дарозрӯяи мушакпарда; 3 – қабати доирашакли мушакпарда; 4 – зерлуобпарда; 5 – луобпарда; 6 – эпителий.
Ин мақолаи хурд аст. Бо густариши он ба Википедия кӯмак кунед. Дар сурати имкон ин ёддошт бояд дақиқтар ҷойгузин шавад. |