Суръат Халилов

Суръат Муҳаммадович Халилов - оҳангсоз, омӯзгор, профессори Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Т. Сатторов. Узви Иттифоқи оҳангсозони Тоҷикистон (1972).

Суръат Халилов
Суръат Муҳаммадович Халилов
Санаи таваллуд

8 феврали 1942

Зодгоҳ

ш. Душанбе

Касб(ҳо)

омӯзгор,оҳангсоз

ЗиндагиномаВироиш

Суръат Муҳаммадович Халилов 8 феврали 1942 дар ш. Душанбе таваллуд шудааст, фарзанди Муҳаммад Халилов аст. Омӯзишгоҳи мусиқии ш.Душанбе (1963), Консерваторияи давлатии ш.Тошканд ба номи А.Ашрафиро хатм кардааст (1969). Омӯзгор, мудири кафедраи ДДОТ ба номи Т. Шевченко (1969-1973). Омӯзгор, дотсент, мудири кафедра, декани Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода (аз с. 1973 - 2003), раиси Раёсати Фонди мусиқии Иттифоқи оҳангсозони Тоҷикистон (аз с.1989). Омӯзгор, декан ва мудири кафедра, профессори Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Т. Сатторов (аз с. 2003 - то холо)

ЭҷодиётВироиш

Дар аксари жанрҳои мусиқи асарҳо эҷод кардааст. Муаллифи

  • “Достон барои виолончел ва фортепиано” (1962),
  • “Увертюраи «Ҷавонӣ» барои оркестр” (1963),
  • “Вариатсия барои фортепиано” (1964),

достони симфонии

  • “Тоҷикистони ман” (1967),
  • “Консерт барои фортепиано бо ҳамовозии оркестр” (1968),
  • “Симфония ба хотираи В.И.Ленин” (1969),
  • “Пиеса барои труба ва фортепиано” (1970),

суруд ва романсҳои

  • “Ҷавонӣ” (1987),
  • “Моҷарои обфурӯш” (1987),
  • “Боғбон ва мири ғазаб” (1988) ва ғ.[1]

МукофотВироиш

  • Аълочии фарханг ва маорифи Тоҷикистон,
  • Медали "Хизмати Шоиста" (2006)

ПайвандҳоВироиш

МанобеъВироиш

  1. Аслҳо ва наслҳо. - Душанбе,2013, с.134.