Суръат (мусиқӣ)
Суръат «Темп» (лот. tempus-вақт) — суръати ҳаракат. Суръати асари мусиқӣ аз хислату рӯҳия ва мазмуну мундариҷа вобастааст. Дурустии cуръат - шарти муҳими таъсирбахши иҷрокунандагист; аз Суръати аслӣ дур будан, ба ғалат маънидод кардани асар оварда мерасонад.
Суръат дар мусиқӣ бештар бо истилоҳи итолёвӣ маънидод мешавад. Дар мусиқӣ cуръатҳои асосӣ инҳоянд:
- Суръатҳои суст — Largo (бисёр васеъ), Lento (хеле суст), Adagio (суст);
- Суръатҳои муътадил, миёна — Andante (дар Суръати оромона қадам задан), Moderato (муътадил), Allegretto (то дараҷае хушҳолона);
- Суръатҳои тез — Allegro (босуръат, тез), Vivace (хеле тез, шӯх), Presto (бисёр тез, хеле шӯх).
Баъзан бо истилоҳи асосӣ калимаеро, ки cуръатро дақиқтар месозад: molto, assai- бисёр хело; non troppo - на онқадар; poco - каме ва ғ. зам мегардад.
Истилоҳоте низ вуҷуд доранд, ки cуръатро тағйир медиҳанд:accelerando, stringendo-тезондан; ritardando, rallentando-суст кунондан ва ҳ. к.
Дар баъзе ҳолатҳое, ки аз cуръати аслӣ мебояд каме дур шуд: tempo rubato ишора карда мешавад. Суръати ба майли худ, ки ба фантазияи худи навозанда вобастагӣ дорад, ad libitum ё a piacere (ба хоҳиши худ) ишорат меёбад. Баргаштан ба суръати аввала бо Tempo I ишорат мешавад. Нишон додани cуръат баъзан бо сифати номи пиесаҳои ҷудогона истифода мегардад («Allegro»-и Шуман, «Adagio»-и Барбер ва ғайра). Бисёр композиторон Суръатро ба забони итолёвӣ нею ба забони модарии худ - русӣ, англисӣ, фаронсавӣ, тоҷикӣ ва ғ. нишон медиҳанд. Суръати дақиқтарро нишондоди метроном муайян месозад.[1]
Нигаред
вироишЭзоҳ
вироиш- ↑ Обидпур Ҷ. Луғатномаи тафсирии мусиқӣ / зери назари Б.Қобилова. – Душанбе: Аржанг, 2019. – С. 273-374. – 480 с. ISBN 978-999-47-43-90-2 (тоҷ.)