Сусанна Узоқова

раққосаи балет

Узоқова Сусанна Маҷидовна (зод. 20 декабр 1938[1], Сталинобод) — балерина, Ҳунарпешаи хидматнишондодаи ҶШС Тоҷикистон (1974), Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон (2002)[2].

Сусанна Узоқова
Таърихи таваллуд: 20 декабр 1938(1938-12-20)[1] (85 сол)
Зодгоҳ:
Шаҳрвандӣ:
Касб: ҳунарпешаи балет

Зиндагинома

вироиш

Фориғуттаҳсили (1958) Омӯзишгоҳи академии хореографии ба номи Ваганови ш. Ленинград (ҳоло ш. Санкт-Петербург) мебошад. Дар Театри давлатии опера ва балети ба номи С. Айнӣ ним аср заҳмат кашида, ба сифати артисткаи балет қариб дар 80 балет партияи асосиро иҷро кардааст. Аз соли 1998 сарбалетмейстери ин театр буд. Симои қаҳрамонашро бо ҳаракатҳои зебо ва қиёфаи гӯё ботамом мекушод. «Нозанини хуфта», «Шабҳои Миср», «Валси калон», «Ҷодуи ишқ», «Дон Кихот», «Золушка» аз зумраи балетҳоанд, ки бо ҳунари ин санъаткори истеъдодманд муваффақият пайдо кардаанд. Ҳамроҳи ҳайати театр ба бисёр кишварҳои хориҷӣ — Покистон, Ҳиндустон, Малайзия, Таиланд, Сингапур, Финландия ва ғайра сафари ҳунарӣ анҷом додааст. Бисёр шогирдонаш бо унвонҳои фахрӣ қадр гардидаю дар озмунҳои балет пирӯз шудаанд.

  1. 1.0 1.1 http://dancelib.ru/baletenc/item/f00/s02/e0002872/index.shtml
  2. Арбобони фарҳанги тоҷик. Донишнома / Муаллиф-мураттиб Ёрмуҳаммади Сучонӣ. — Душанбе, 2016. — 863 с.