Сускаҳ (Glycurrhiza aspera), гиёҳест бисёрсола. Аз 10 то 30 см қад мекашад. Пояаш бешохча, баъзан шохчадор. Баргаш пармонанд, аз 2 – 5 ҷуфт баргча иборат аст. Гулаш бунафш, ғилофакаш дарози каҷ, тухмаш сиёҳ. Апр. – июн гул карда, июн – авг. тухм мебандад. Дар Тоҷикистон (кӯҳи Мевағул, воҳаи д. Сир, қ-кӯҳи Зарафшон, Тоҷикистони Ҷанубӣ) дар алафзор, ҷариҳои зардхок, баъзан ҳамчун алафи бегона дар пахтазор месабзад. С. дар тибби халқӣ мисли сус истифода мешавад. Решаи хушки майдакардаи онро чой карда барои давои захми меъда, илтиҳоби роҳҳои нафас ва чун воситаи пешоброн, бодрон, исҳоловар ва қайовар менӯшанд. Решаи С. сершохча ва ширин буда, ҳангоми шикастан дарунаш зард аст. Таркиби он аз глитсирризин иборат мебошад.

Адабиёт вироиш

  • Ковалева Н.Г., Лечение растениями, М., 1972;
  • Турова А.Д., Лекарственные растения СССР и их применение, М., 1974;
  • Гаммерман А.Ф., Гром И.И., Дикорастущие лекарственные растения СССР, М., 1976;
  • Ходжиматов М., Дикорастущие лекарственные растения Таджикистана, Д., 1989;
  • Энциклопедия народной медицины, т. 7. Лекарственные растения, М., 2000.