Сӯҳбатхон Атоев
Сӯҳбатхон Каримович Атоев (тав. 15. 01. 1970, ноҳияи Шуробод), сиёсатшинос, номзади илмҳои сиёсӣ (2001).
Зиндагинома
вироишСоли 1995 факултети забонҳои хориҷии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Душанбе ба номи Қ. Ҷӯраевро хатм намудааст. Солҳои 1995–1996 ассисенти кафедраи тарҷума ва услубшиносии забони англисии донишгоҳи мазкур буд. Солҳои 1997–1998 дар Донишкадаи рушди илму маориф дар назди Донишгоҳи Оғохон (Тоҷикистон) ба ҳайси коромӯз оид ба омӯзиши методологияи забони англисӣ таҳсил намудааст. Солҳои 1999–2000 дар кишварҳои Англия ва Олмон дар сафари хизматӣ буд. Солҳои 2000–2005 ба ҳайси декани факултети забони англисии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Қ. Ҷӯраев адои вазифа намудааст. Айни ҳол мутахассиси пешбари Идораи робитаҳои байналмилалии Вазорати маорифи Тоҷикистон мебошад. Муаллифи 2 китоб ва 8 мақолаи илмӣ ва илмию методӣ мебошад. Дар конференсияҳои бунёди Оғохон, Сорос ва созмони ТАСИС бо маърӯзаҳо баромад кардааст.