Сайиднуриддин Шаҳобуддинов

(Тағйири масир аз С. Шаҳобуддинов)

Сайиднуриддин Шаҳобуддинов (Шаҳобуддинов Сайиднуриддин Ҳоҷиевич, маъруф ба Шайх; 9 сентябри 1943, деҳаи Мағмуру­д, ноҳияи Ленин, ҶШС Тоҷикистон — 22 октябри 2021, Душанбе, Тоҷикистон) — шарқшинос, арабшинос, тарҷумон ва донишманди улуми исломӣ.

Сайиднуриддин Шаҳобуддинов
Шаҳобуддинов Сайиднуриддин Ҳоҷиевич
Таърихи таваллуд 9 сентябр 1943(1943-09-09)
Зодгоҳ ноҳияи Ленин, ҶШС Тоҷикистон
Таърихи даргузашт 21 октябр 2021(2021-10-21) (78 сол)
Маҳалли даргузашт Душанбе, Тоҷикистон
Кишвар  Тоҷикистон
Фазои илмӣ шарқшиносӣ, арабшиносӣ
Ҷойҳои кор Институти шарқшиносӣ ва мероси хаттии АМИТ
Алма-матер Университети Давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин (1962)
Ҷоизаҳо Корманди тандурустии Тоҷикистон

Зиндагинома

вироиш

Сайиднуриддин Шаҳобуддинов соли 1943 дар деҳаи Мағмурӯ­ди ҷамоаи Роҳатии ноҳияи Ленин (ҳоло ноҳияи Рӯдакӣ) дар хонаводаи кишоварз ба дунё омадааст. Мактаби миёнаро дар зод­гоҳаш ба охир расонда, фаъолияти кориашро дар колхози «Победа»-и но­ҳияи Ленин шурӯъ кардаст. Мавсуф фориғуттаҳсили шуъ­баи арабии факултаи таъриху филологияи Дониш­гоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин мебошад (1962—1967).

Солҳои 1967—1969 аз тарафи Мин­трансстрой (Вазорати роҳсозӣ)-и ИҶШС ба сифати тарҷумони низомӣ ба Ҷумҳурии Арабии Сурия фиристода шуд. Пас аз бозгашт, ба шуъбаи аспиранту­раи Институти шарқ­ши­носӣ ва мероси хаттии АИ ҶТ дохил шуда, онро соли 1972 хатм кард. Аз соли 1972 то соли 1974 дар Ҷум­ҳурии Арабии Яман ба сифати тарҷумони забони арабӣ кор кардаст[1].

Донандаи хуби забонҳои арабӣ, русӣ, лотинӣ ва форсӣ-тоҷикӣ буда, то андозае забони англисиро низ медонист.

Фаъолияти илмӣ

вироиш
 
Кормандони Институти шарқшиносӣ ва мероси хаттӣ: Нурмуҳаммад Амиршоҳӣ (аз чап), Сайиднуриддин Шаҳобуддинов (аз рост) ва Файзулло Бобоев (дар миёна) ҳангоми таҳияи силсилаи осори исломӣ (соли 2010).

Солҳои 1974—1986 ба сифати ходими хурди илмии Институти шарқшиносӣ фаъолият намуда, аз соли 1986 то соли 1988 ба сифати тарҷумони забони арабӣ дигарбора ба Ҷумҳурии Арабии Сурия фиристо­да шуд[1].

Аз соли 1989 то охири умр ходими калони илмии Шуъбаи тавсифи дастхатҳо, таҳияи феҳрист ва ахбори илмии Институти шарқшиносӣ ва мероси хаттии АМИТ буд.

Сайиднуриддин Шаҳобуддинов донандаи хуби за­бонҳои шарқӣ, фиқҳи исломӣ, адёни ҷаҳонӣ ва даст­нависҳои арабӣ мебошад. Ба қалами ӯ ҷилди чоруми феҳристи дастна­висҳои арабӣ дар тарҷумаи форсӣ, ки дар Ҷумҳурии Исломии Эрон ба нашр расидааст, таал­луқ дорад. Ма­қо­лаҳои зиёди илмӣ ҳам навиштаву интишор додааст.

Сайиднуриддин Шаҳобуддинов дар тӯли фаъоли­яти илмиаш ба миқдори зиёд асарҳои машҳури классикони форс-тоҷикро аз забони арабӣ ба тоҷикӣ тарҷумаву нашр кардааст. Муҳимтарини онҳо: тарҷумаи китоби «ал-Қонун»-и Ибни Сино дар шаш ҷилд бо пешгуфтор, тавзеҳот, шарҳи луғат ва охирсухан мебошад, ки дар солҳои 1991—2005 ба нашр расид; тарҷумаи «Рисолаи саргузашт»-и Ибни Сино аз забони арабӣ дар зимни «Осори мунтахаб»-и Ибни Сино (ҷил­ди 1, Душанбе, 1981).

Дар ҳоли ҳозир чанд китоби муътабари дигар бо кӯшиши ӯ ба дасти чоп расиданд, монанди «Илоҳиёт»-и Ибни Сино дар «Осо­р»-и Ибни Си­но (ҷилди 3); «Илоҳиёт»-и китоби «Шифо»-и Ибни Сино бо муқаддима, тавзеҳот ва луғат (дар ҳаҷми 30 ҷузъи чопӣ).

Ба ғайр аз китобҳои номбаршуда, мавсуф масруфи тарҷума, таҳия ва омӯзиши муқоисавии китоби маш­ҳури Муҳаммад Ғаззолӣ «Эҳёи улуми дин» мебошад.

Сайиднуриддин Шаҳобуддинов ҳамчунин яке аз муҳаррирони масъуликитоби Қуръони карим (асл ва матни тарҷумаи тоҷикӣ; — Душанбе: «ЭР- граф», 2010. — 640 с.) мебошад.

Ҷоизаҳо

вироиш

Сайиднуриддин Шаҳобуддинов дорандаи нишони «Корманди тандурустии Тоҷикистон» ва барандаи ҷо­и­заи таъсиснамудаи муштараки Институти шарқшино­сӣ ва мероси хаттии АМИТ ва Ройзании фарҳангии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷи­кистон ба номи «Аъ­лохон Афсаҳзод» дар соли 2005 барои тарҷума ва нашри осори шашҷилдаи китоби «Қонуни Тиб»-и Абӯалӣ ибни Сино мебошад[2].

Даргузашт

вироиш

Сайиднуриддин Шаҳобуддинов 21 октябри соли 2021 дар шаҳри Душанбе дар 78-солагӣ бар асари беморӣ даргузашт[3].

  1. 1.0 1.1 Шаҳобуддинов Сайиднуриддин. merosikhatti.tj. Маркази мероси хаттии АМИТ. 22 октябри 2021 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 22 октябри 2021.
  2. Ҷоизаҳои ба номи Аълохон Афсаҳзод супурда шуд(тоҷ.). Радиои Озодӣ. 22 октябри 2021 санҷида шуд.
  3. Шайх Сайиднуридин Шаҳобуддинов – тарҷумони “Қонуни тиб”-и Ибни Сино даргузашт(тоҷ.). Pressa.tj. Ҳафтаномаи «Тоҷикистон» (22 октябри 2021). 14 феврали 2023 санҷида шуд.

Пайвандҳо

вироиш