Тавсиф (санъати бадеӣ)
Нависанда барои тасвир кардани ягон воқеа, касе ё чизе гоҳо сифатеро меорад, ки яке аз муҳимтарин хусусиятҳои он воқеа, он касе ё чизеро хеле барҷаста нишон медиҳад. Ҳамин гуна муайянкунандаи бадеӣ, ки муҳимтарин хусусияти ҳодисаро таъкид менамояд, тавсиф номида мешавад.
Эй модари меҳрубон, чӣ кардӣ? Бо ошиқи нотавон чӣ кардӣ? Дар оташи ҷонгудозам имрӯз, Ё раб, чӣ кунам, чӣ созам имрӯз? |
Сарчашма
вироишЗеҳнӣ Т.Санъатҳои бадеӣ дар шеъри тоҷикӣ. Душанбе:Нашрдавтоҷ,1960.-с.79-80