Такбири таҳрима (ар. تكبير‎, тәкбийр [tækˈbiːr]; ёд кардани Худо ба бузургӣ) — бо гуфтани «Аллоҳу акбар» ба намоз дохил шудан.

Такбир.

Такбири таҳрима дар Қуръон

вироиш

Ояти 3-юми сураи Муддассир фарзияти такбири таҳримаро собит месозад, он ҷо, ки мефармояд: «Ва Парвардигоратро ба бузургӣ ёд кун». Он такбир барои он такбири таҳрима номида шудааст, ки шахси намозгузор бо гуфтани он тамоми тааллуқоти дунявӣ ва кору бори зиндагиро дар муддати намоз бар худ ҳаром мегардонад. Пас бояд кӯшиш намояд, то андешаи худро низ дар ёди Худо тамаркуз бахшад. 

Такбири таҳрима дар аҳодиси Паёмбар (с)

вироиш

Паёмбари акрам (с) мефармояд: «Калиди (дари) намоз покист ва таҳрим (ҳаром гардонидани дунё баро)-и он такбир аст ва таҳлил (ҳалол намудани дунё дар охир)-и он бо салом додан аст»[1][2][3].

  1. Сунани Абӯдовуд, 61, 618
  2. Сунани Тирмизӣ, 3
  3. Сунани Ибни Моҷа, 275. Тирмизӣ мегӯяд: Ин ҳадис саҳеҳтарин ва беҳтарин чизест, ки дар ин боб ворид шудааст

Адабиёт

вироиш
  • Абдушарифи Боқизода, Фиқҳи исломӣ бар асоси мазҳаби ҳанафӣ, Душнбе—2017