Талҳа ибни Тоҳир
Талҳа ибни Тоҳир (ар. طلحة بن طاهر; Нишопур — 828, Хуросон) — амири тоҳирии Хуросон (822—828), писари Тоҳир ибни Ҳусайн.
ар. طلحة بن طاهر | |
822 — 828 | |
Таваллуд | |
Даргузашт |
828 |
Падар | Тоҳир ибни Ҳусайн |
Парвандаҳо дар Викианбор |
Ҳукмронӣ
вироишХалифа Маъмун писари Тоҳир ибни Ҳусайн Талҳаро ба ҷои падар амири Хуросон таъйин намуд. Бештари давраи аморати Талҳаи Тоҳир (822—828) сарфи даргирӣ бо хавориҷи Сиистон шуд. Талҳа аз сарнавишти падар ибрат гирифта, бо хилофат аз дари созиш даромад ва то поёни умри худ аз халифаву фармонҳои ӯ итоат мекард. Пас аз марги Талҳа писараш Алӣ қоиммақоми падар гардид, вале дар ҷанги дохилӣ бо шӯришиён кушта шуд.[1]
Эзоҳ
вироиш- ↑ Ҳотамов Н. Б., Довудӣ Д., Муллоҷонов С., Исоматов М. Таърихи халқи тоҷик (Китоби дарсӣ). — Душанбе, 2011. — С. 95.
Адабиёт
вироиш- Bosworth, C.E. (1975). "The Ṭāhirids and Ṣaffārids". In Frye, Richard N. The Cambridge History of Iran, Volume 4: From the Arab Invasion to the Saljuqs. Cambridge: Cambridge University Press. pp. 90–135. ISBN 0-521-20093-8.