Тамомиятхоҳӣ, Тоталитарисм (аз лот. totalis "тамомӣ, мукаммал" ← totalitas "комилият, тамомият" [1] ) — гунае аз режимҳои сиёсӣ, ки бо истифода аз қудрат ва бо асли эҷоди ваҳшат дар ҷомеъа, дар куллияи умури иҷтимоӣ, иқтисодӣ, сиёсӣ, фарҳангӣ ва омӯзишӣ ба шакли инҳисорӣ ва бо эҷоди фазои хафақон, дахолат мекунанд. Ин режимҳо тоталитар номида мешаванд. Режимҳои тоталитар бо асоси қонуне, ки худ қабул мекунанд, дар куллияи соҳаҳои зиндагии мардум ва ҳарими хусусии афрод дахолат намуда ва онро таҳти назорат ва иқтидори худ қарор медиҳанд. Ба гуфтаи Ҳоно Арендт Ҳанно пажӯҳишгари тоталитарисм, тоталитарисм сурати ҷадиде аз режимҳои сиёсӣ аст, ки эҷоди ваҳшат (террор) асли роҳнамоии он аст.

Аз вижагиҳои умдаи тоталитарисм, таблиғоти васеъ ва сангини дурӯғин, дастгоҳи полисӣ ва иттилооти печида, буҳронсозӣ, душмантарошӣ, кеши шахсият, тарвиҷи дидгоҳи Макиавилӣ (ҳифзи қудрат ба ҳар қимат), ҳазфи андешаҳои мутафовит ва идологияҳои мухолифи худ, тарвиҷи фарҳанги ҳазфӣ ва худпарастона, эҷоди фазои ваҳшат, зиндон, шиканҷа, сензураи шадиди хабарӣ, интихоботи ғайрозод ва намоишӣ, эҷоди гурӯҳе аз афроди вафодор аз қишри бетабақаи ҷомеа аз тариқи имконоти моддӣ, инҳисори расонаҳои умумӣ ва маҷозӣ, истифодаи ҳаддиаксарӣ аз он барои беҳайсият намудани мухолифон аз тариқи сохти филмҳои таблиғотӣ аст.

Дар миёни режимҳои тоталитар, тоталитарисми динӣ хатарноктарин навъи ҳукумат аст. Чунин низоме бо истифода аз дин рафтори саркӯбгаронаи худро машрӯъ ҷилва дода ва аз эътиқодоти мардум ҷиҳати пешбурди манофеъи худ истифода мекунад.

Муссолини ва Гитлер (09.01.1937). Муссолинӣ ва ҳуқуқшиносони Олмони Рейхи сеюм мафҳуми «давлати тоталитарӣ»-ро ба маънои мусбат истифода кардаанд [2]
Сталин. Дар солҳои ҷанги сард консепсияи ҳувияти режими сталинӣ бо режимҳои тоталитарӣ дар Италия ва Олмон пайдо шуд [2]

Инчунин

вироиш
  • Шаклҳои ҳукумат, режимҳо ва системаҳои сиёсӣ
  • Авторитаризм
  • Демократия ва тоталитаризм
  • ҳуқуқшиносӣ
  • Шан Ян шахсест, ки аввалин бор принсипи пурраи давлати тоталитариро таҳия карда, онро дар Цин ба ҳаёт овард.
  • Қарори ПАСЕ № 1481
  • эстетикии тоталитарй
  • Бартараф кардани гузашта
  • Қувват дуруст ба вуҷуд меояд

Қайдҳо

вироиш

Пайвандҳо

вироиш
  1. Большой юридический словарь. 3-е изд., доп. и перераб. / Под ред. профессор А. Я. Сухарева. — М.: ИНФРА-М, 2007. — VI, 858 с.
  2. 2.0 2.1 Ингерфлом К. Тоталитаризм