Тарафи (пешоянд)

(Тағйири масир аз Тараф)

Тарафи ( тараф + бандаки изофӣ ) — пешоянди номӣ буда,самти равиши амали ашёро нишон медиҳад. Вай бо пешояндҳои аслии дар, ба, аз кор фармуда. мешавад.

Мисолҳо

вироиш
  • Дар ҳақиқат ҳам бисёр дер накашид, ки аз тарафи зина овози пойе шунида шуд (Садриддин Айнӣ).
  • Ҳуҷраи ман монанди дигар ҳуҷраҳои ин мадраса тиреза надошт, бинобар ин дари даромадро ҳамеша кушода мондан даркор буд ва дар тарафи кӯча коғазгир дошт (Садриддин Айнӣ).

Нигаред низ

вироиш

Сарчашма

вироиш
  • Грамматикаи забони адабии ҳозираи тоҷик.- Душанбе:Дониш,1985. - 293с.