Тарафи (пешоянд)
Тарафи ( тараф + бандаки изофӣ ) — пешоянди номӣ буда,самти равиши амали ашёро нишон медиҳад. Вай бо пешояндҳои аслии дар, ба, аз кор фармуда. мешавад.
Мисолҳо
вироиш- Дар ҳақиқат ҳам бисёр дер накашид, ки аз тарафи зина овози пойе шунида шуд (Садриддин Айнӣ).
- Ҳуҷраи ман монанди дигар ҳуҷраҳои ин мадраса тиреза надошт, бинобар ин дари даромадро ҳамеша кушода мондан даркор буд ва дар тарафи кӯча коғазгир дошт (Садриддин Айнӣ).
Нигаред низ
вироишСарчашма
вироиш- Грамматикаи забони адабии ҳозираи тоҷик.- Душанбе:Дониш,1985. - 293с.