Таркиш дар бемористони Ибни ал-Хатиб (2021)
Таркиш дар бемористони Ибни ал-Хатиб — таркиш ва пас аз он сӯхтор рӯзи 24 апрели соли 2021 дар беморхонаи беморони гирифтори сирояти вируси COVID-19 дар Бағдоди Ироқ[1].
Сӯхтор
вироишҲангоми сӯхтор дар дохили он садҳо нафар буданд. Сӯхтор дар се дақиқа паҳн шуд[2]. Ба гуфтаи наҷотбахшон, тақрибан 200 нафар тавонистаанд аз оташ худро канор гиранд[1].
Дар натиҷаи сӯхтор, 82 нафар ба ҳалокат расиданд, дар ҳоле ки ибтидо ин рақамҳо камтар буданд - 58 нафар.
Теъдоди қурбониёни сӯхтор 110 нафарро ташкил додааст, ки вазъи баъзеи онҳо вазнин аст.
Сабаби сӯхтор
вироишТибқи маълумоти пешакӣ, сабаби сӯхтор таркиш дар анбори баллонҳои оксиген мебошад, ки дар беморхона барои таъмини ҳаёти беморони ниёзманди нафаси сунъӣ қарор доштанд.
Вокуниш ва тафтишоти Вазорати корҳои дохилии Ироқ
вироишДар кишвар мотами серӯза эълон шуд. Пас аз сӯхтор раиси Вазорати тандурустии Ироқ ва губернатори Бағдод истеъфо дод[3].
Муфаттишон маъмурияти беморхонаеро, ки дар он ҷо сӯхтор рух додааст ва кормандони амниятро боздошт карданд[4].
Тибқи маълумоти пешакӣ, беморхона бо системаҳои зарурии оташхомӯшкунӣ муҷаҳҳаз набуд[5].
Эзоҳ
вироиш- ↑ 1.0 1.1 В результате пожара в больнице Багдада погибли 82 человека. ТАСС.
- ↑ В МВД Ирака раскрыли подробности пожара в больнице Багдада. ТАСС.
- ↑ Главу Минздрава Ирака и губернатора Багдада отправили в отставку после пожара в больнице. ТАСС.
- ↑ Число погибших при пожаре в больнице в Багдаде достигло 82(рус.). РИА Новости (20210425T1230).
- ↑ Взрыв в коронавирусной больнице Багдада: главное(рус.). 360tv.ru.