Таронаи Алидӯстӣ бишнавед  (форсӣ: ترانه علیدوستی‎; 12 январи соли 1984, Теҳрон, Эрон) — ҳунарпешаи эронӣ.

Тарона Алидӯстӣ
форсӣ: ترانه علیدوستی
Таърихи таваллуд: 12 январ 1984(1984-01-12) (40 сол)
Зодгоҳ: Теҳрон
Шаҳрвандӣ:
Касб: ҳунарпеша, тарҷумон, бозигари синамо
Корнома: 2002 — то ҳол
Ҷоизаҳо:
IMDb: ID 1267552
 Парвандаҳо дар Викианбор

Зиндагинома

вироиш

Тарона Алидӯстӣ дар 22 дайи 1362 дар Теҳрон мутаваллид шуд, падари ӯ Ҳамид Алидӯстӣ бозигари собиқи тими миллии футболи Эрон ва аз мураббиёни кунунии футбол аст. Модари вай Нодира Ҳакимилоҳӣ сангтарош ва муҷассамасоз аст. Тарона издивоҷ карда ва соҳиби як фарзанди духтар аст. Пӯён Алидӯстӣ танҳо бародараш буд, ки дар чаҳоршанбесуриии соли 83 ӯро аз даст дод[1].

Тарона Алидӯстӣ эълом карда, ки ба бемори «клаустрофобия» ё «тарс аз муҳити баста» мубтало аст ва ба ҳамин хотир наметавонд аз автобус ё метро истифода кунад[2][3]. Ӯ аз тарафдорон ҷараёни феминизм аст[4].

Фаъолияти ҳунарӣ

вироиш

Синамо ва театр

вироиш

Тарона Алидӯстӣ дар давраи дабиристон, машғули таҳсил дар риштаи улуми таҷриби буд, ки дар класҳои бозигарии Амин Торх сабти ном кард. Соли 2002 аз тариқи ҳамин класҳо барои бозӣ нақши «Таронаи Парниён» дар филми «Ман Тарона, 15 сол дорам» интихоб шуд. Пас аз ин филм ӯ то соли 2005 дар ҳеч филме ҳузур пайдо накард.

Тарона Алидӯстӣ бозӣ дар арсаӣ театрро низ бо намоиш «Фанз» таҷриба кард. Соли 2002—2003 як давраи филмноманависӣ дар класҳои ҳавзаи ҳунарӣ гузаронд.

Вай дар филми «Аждаҳо ворид мешавад!» сохти Монӣ Ҳақиқӣ яке аз сармоягузорони филм мебошад[5].

Филмшиносӣ

вироиш
 
Алидӯстӣ бо Асғар Фарҳодӣ ва Шаҳоб Ҳусейнӣ дар конфронси «Фурӯшанда», 2016.

Телевизион

вироиш
Сол Ном Нақш Шабака
2015-16 Шаҳрзод (фасли аввал) Шаҳрзоди Саодат Film Net
2017 Шаҳрзод (фасли дуввум) Шаҳрзоди Саодат Film Net
Сол Ном Нақш Тавзеҳот
2002 Ман Тарона, 15 сол дорам Тарона
2004 Шаҳри зебо Фирӯза
2005 Ҷамшед ва Хуршед Хуршед дублаи порсӣ
2006 Чаҳоршанбесӯрӣ Рӯҳангез
2008 Канъон Мино
Ширин Тпрона
Тардид Моҳтоб
2009 Дар бораи Эллӣ Эллӣ
2010 Ҳарчӣ Худо бихоҳад Пармида
2011 Зиндагӣ бо чашмони баста Парасту
Интиҳои хиёбони ҳаштум Нилуфар
2012 Пазироии сода Лайло
2013 Осмони зарди камумқ Ғазал
2014 Зиндагиии муштарраки оқои Маҳмудӣ ва Бону Соноз
Модари қалби атомӣ Орина
2015 Истироҳати мутлақ Самиро
2016 Фурӯшанда Раъно

Доварии ҷашнвора

вироиш
Номи ҷашнвора Сол Тавзеҳот
Ҷашнвораи филми Везули Фаронса 2014 در کنار ترانه علیدوستی بریلنت مندوزا، فیلیپ چی، ونگ چائو هیئت داوران بین‌المللی این جشنواره را تشکیل می‌دهند.
همسر و دخترش حنا در این جشنواره در کنار او حضور داشتند.
Ҷашнвораи филми Ҳанойи Ветнам 2012 ترانه علیدوستی بازیگر ایرانی به عنوان یکی از اعضای هیئت داوران به دومین جشنواره «هانوی» ویتنام می‌رود.
علیدوستی از طرف دپارتمان سینمای ویتنام به عنوان یکی از اعضای هیئت داوران جشنواره دعوت شده است.

Пайвандҳо

вироиш