Татяна Сукова
Сукова Татяна Викторовна (13 декабри 1889, Харков, Украина – 3 июли 1968, Санкт-Петербург) — ҳунарпешаи театр, Ҳунарпешаи хизматнишондодаи ҶШС Тоҷикистон (1944).
Таърихи таваллуд: | 13 декабр 1889 |
---|---|
Зодгоҳ: | |
Таърихи даргузашт марг: | 3 июл 1968 (78 сол) |
Маҳалли даргузашт: | |
Касб: | ҳунарпешаи театр |
Ҷоизаҳо: |
ЗиндагиномаВироиш
Соли 1924 баъди хатми Омӯзишгоҳи бадеии шаҳри Харков дар Театри драмаи ҳамин ҷо ба фаъолият шурӯъ кард ва то соли 1936 дар саҳнаи он нақшҳои зиёд офарид. Солҳои 1936-1959 актрисаи Театри мазҳакаи ш. Ленинград (ҳоло ш. Санкт-Петербург) буд. Замони Ҷанги Бузурги Ватанӣ бо ҳайати ин театр дар пойтахти Тоҷикистон қарор дошт, дар саҳнаи Театри давлатии драмаи русии ба номи В. Маяковский намоишномаҳо, песаҳои якпардагӣ, этюдҳо бештар дар мавзӯъҳои ватандӯстӣ, муборизаи беамон ба муқобили фашистони немис манзури бинандагон гардондаанд. Ҳамзамон ӯ дар таблиғоти зиддифашистӣ тариқи радиои тоҷик саҳм гирифтааст.
ЭзоҳВироиш
АдабиётВироиш
- Арбобони фарҳанги тоҷик. Донишнома / Муаллиф-мураттиб Ёрмуҳаммади Сучонӣ. — Душанбе, 2016. — 863 с.