Таърихи Итолиё
Таърихи Итолиё — рӯйдодҳои дар қаламрави Итолиёи кунунӣ аз лаҳзае, ки мардум дар онҷо сокин шуданд то ба имрӯз аст.
Итолиёи пеш аз таърих
вироишОдам дар ҳудуди Итолиё ҳанӯз дар давраи палеолит маскан гирифта буд. Қадимтарин изи фаъолияти инсон дар ҳудуди Итолиё ба давраи палеолити поин ва миёна тааллуқ дорад (давраҳои Ашел ва Мусте). Дар давраи неолит дар ҳудуди Итолиё маданияти Лагосса, дар соҳилҳои баҳри Миёназамин ба ном маданияти сафолоти қолабӣ густариш ёфт. Дар охири палеолити миёна дар ҳудуди Итолиёи Марказӣ ва Ҷанубу Шарқӣ ёдгориҳои аз сафолоти суфтаи сиёҳи навъи Матера сохташуда пайдо шуданд. Барои ёдгориҳои неолити боло сафолоти нақшдор хоссанд: Капри, Фелчи-Риполи ва ғ.; дар ҳудуди Лигурия, Пемонт, Ломбардия, Эмилия-Роман маданияти «зарфҳои даҳонашон мураббаъ» паҳн шуд. Дар давраи энеолит маданияти Лагоссаро маданияти Полада иваз намуд; дар ҷануб маданияти Диана бо сафолоти бенақш мавҷуд буд. Аз давраи биринҷӣ (ҳазорсолаи 3-юми то м.) ва оҳан (ҳазорсолаи 1-уми то м.) дар ҳудуди Итолиё чандин ёдгориҳои археологии мансуб ба қабилаҳои лигурҳо, этрускҳо, италикҳо боқӣ мондаанд.
Руми Бостон
вироишДар миёнаи асри 6 то м. лотинҳо ва собинҳо (қабилаҳои италикҳо) шаҳри Румро бунёд кардаанд. Асрҳои 5–3 то м. Рум тамоми ҳудуди Итолиёро забт кард. То ибтидои асри 2 то м. дар ин ҷо давлати ғуломдорӣ ба вуҷуд омад. Буҳрони низоми ғуломдорӣ ва фишори варварҳо дар асрҳои 4–5 империяи Румро пароканда кард. Соли 395 империя ба қисмҳои Ғарбӣ ва Шарқӣ ҷудо шуд. Соли 476 яке аз сарварони қабилаи скирҳо – Одоакр охирин императори империяи Руми Ғарбӣ Ромул Августулро аз тахт сарнагун кард. Ҳукмронии Одоакр дер давом накард; соли 493 остготҳо бо сарварии Теодорихи Бузург бо розигии императори Руми Шарқӣ империяи Зинонро ғасб намуда, шоҳии Остготро ташкил карданд, ки Ситсилия, Норик, як қисми ҳудуди Паннония ва Иллария ва аз соли 510 Провансаро низ дар бар мегирифт.
Итолиёи асрҳои миёна
вироишСоли 554 қисми зиёди Итолиёро Византия забт кард. Соли 568 Итолиёи Шимолиро лангобардҳо забт намуда, дар ҳудуди Итолиё шоҳии Лангобардро ташкил карданд. Дар ин давра низоми ғуломдорӣ барҳам дода шуд. Асрҳои 7–8 дар давлати лангобардҳо тарзи истеҳсолоти феодалӣ ба вуҷуд омад; баъди Итолиёи Шимолӣ ва Итолиёи Марказиро забт кардани франкҳо (774) инкишофи муносибатҳои феодалӣ авҷ гирифт. Аз миёнаи асри 9 Итолиё давраи дурударози парокандагии феодалиро аз сар мегузаронд. Аз байни давлатҳои сершумори феодалӣ вилояти Папа бо қудрат ва нуфузи худ фарқ мекард (давлати Папаҳои Рум соли 756 ташкил шуд). Соли 962 Итолиё ба ҳайати Империяи Руми Муқаддас (асосгузораш императори Олмон Оттони I) ҳамроҳ карда шуд. Асрҳои 11–12 Итолиё майдони муборизаи байни папаҳои Рум ва императорони Олмон буд. Ҷангҳои пайдарҳам ба гирифтори асорат шудани деҳқонон ва қувват ёфтани заминдорони калони феодалӣ (бахусус заминҳои калисо) мусоидат мекарданд. Инкишофи бармаҳали муносибатҳои молӣ-пулӣ (ҳанӯз дар асрҳои 9–10) иқтидори иқтисодии шаҳрҳоро, ки ба марказҳои касбу ҳунар ва савдо табдил меёфтанд, мустаҳкам менамуд. Бисёр шаҳрҳо дар асрҳои 11–12 ҳуқуқи худидоракунӣ ба даст оварданд. Дар Лукка, Милан, Флоренсия, Падуя, Феррара, Кремона, Пиза, Сиена, Болоня ва даҳҳо шаҳрҳои дигари Итолиёи Шимолӣ ва Марказӣ коммунаҳо ташкил шуда, ҳокимият ба дасти ашроф ва тоҷирон гузашт. Коммунаҳои калон (Генуя, Пиза, Венетсия ва ғ.) тадриҷан ба ҷумҳуриҳои мустақил табдил ёфтанд. Юришҳои Фридрих I Барбарос ба Итолиёи Шимолӣ (1154–1176), ки мехост коммунаҳоро зери итоати худ дарорад, барор накарданд; шаҳрҳои Итолиё дар атрофи Лигаи Ломбардия (таъсисаш 1167) муттаҳид гардида, истиқлолияти худро муҳофизат намуданд. Итолиёи Ҷанубӣ ва Ситсилияро, ки аз асри 8 дар тасарруфи арабҳо буданд, дар асри 11 норманиҳо забт карданд. Соли 1130 дар Ситсилия шоҳии Норманиҳо барпо гардид. Дар нимаи 1-уми асри 13 ҳокими он (дар як вақт императори Олмон ҳам буд) Фридрих II Штауфен барои зери итоати худ даровардани ш-ҳои Итолиёи Миёна кӯшиш кард, вале комёб нашуд. Солҳои 60 асри 13 дар Итолиёи Ҷанубӣ сулолаи Анҷуйҳо соҳиби тахту тоҷ гардиданд. Шӯриши халқии соли 1282 шоҳии Ситсилияро пароканда кард.
Замони нави аввалия
вироишДар ибтидои асри 14 Ситсилия ва аз миёнаи асри 15 Итолиёи Ҷанубӣ ҳам ба ҳайати шоҳии Арагони Испания ҳамроҳ карда шуданд. Шаҳрҳои Итолиёи Шимолӣ ва Миёна асрҳои 13–14 ба давлатҳои пешқадами мутараққӣ табдил ёфта, ҳудуди калонро соҳиб буданд. Дар ҷануб ва шимолу ғарби Итолиё муносибатҳои крепостноӣ боқӣ монданд ва ин ноҳияҳо манбаи шӯришҳои деҳқонон гардиданд. Муборизаи тезутунди иҷтимоии асрҳои 13–14 дар шаҳрҳо ҳокимияти ҷумҳуриявиро аз байн бардошт ва ба ҷои он ҳукмронии мустабидона барқарор шуд. Иқтидори иқтисодии шаҳрҳои Итолиё, дараҷаи баланди истеҳсолоти ҳунармандӣ (дар саноати моҳутбарорӣ, шоҳибофӣ, киштисозӣ) дар асрҳои 14–15 барои пайдоиши муносибатҳои капиталистӣ замина омода карда буданд. Нашъунамои тамаддуни шаҳр дар Итолиё, пайдоиши сохти капиталистӣ барои ташаккули маданияти давраи Эҳё шароит фароҳам оварданд. Дар асри 16 дар натиҷаи аз баҳри Миёназамин ба уқёнуси Атлантик гузаштани роҳҳои тиҷоратӣ фаъолияти иқтисодии Итолиё қадре паст шуд, ки сабаби он набудани бозори ягонаи миллӣ ва парокандагии сиёсии мамлакат буд. Мубориза барои Итолиё байни Испания ва Фаронса бо он анҷом ёфт, ки дар қисми зиёди ҳудуди Итолиё зулму истибдоди аҷнабиён барқарор гардид. Ҳамаи ин омилҳо боиси дар нимаи 2-юми асри 16 дар Итолиё сар задани иртиҷои феодалӣ гардиданд, ки он зиддиятиҳои иҷтимоиро ниҳоят тезутунд карда, сабаби ба амал омадани шӯришҳо дар Итолиёи Ҷанубӣ (дар нимаи 1-уми асри 17) шуд. Ҳокимияти Папа, ки қувваи иртиҷоитарини мамлакат буд, сарварони ҳаракатҳои халқӣ ва мутафаккирони замонро бераҳмона таъқиб мекард.
Таназзули амиқи сиёсӣ ва иҷтимоию иқтисодии Итолиё то ибтидои асри 18 давом кард. Фишори Испания дар асри 18 бо ҳукмронии Габсбургҳо иваз шуд. Шартномаи сулҳи Раштатт (1714) ба ҷанг барои мероси Испания хотима бахшид, дар герсогии Милан (Ломбардия) ҳукмфармоии Австрия ҷорӣ гардид. Дар як қатор давлатҳои Итолиёи Марказӣ сулолаҳои ба Габсбургҳо хеш (Лотарингӣ ва дʾЭсте) ҳукмрон шуданд. Шоҳии Неаполитан аз Мадрид ҷудо, вале ба шохаи испаниягии Бурбонҳо тобеъ шуд. Дар рафти ҷанг бо империяи Усмонӣ ҳудуди ҷумҳурии Венетсия кам шуд. Ҷумҳурии Генуэз ҷазираи Корсикаро маҷбуран ба Фаронса дод. Танҳо шоҳии Пемонт (таъсисаш 1718), ки сулолаи Савойя роҳбарӣ мекард, мулки худро аз ҳисоби ҳамроҳ кардани вилоятҳои ҳамсоя (Нисса, Савойя ва ғ.) васеъ карда тавонист. Мувофиқи шартномаи Раштатт (1714) ҷазираи Ситсилия ба Пемонт гузашт. Мувофиқи шартномаи сулҳи 1720 бо шоҳии Неаполитан Пемонт онро ба ҷазираи Сардиния (номи нави Пемонт – Шоҳии Сардиния аз ҳамин ҷост) иваз кард. Давлати Папа ҳудудҳои худро васеъ карда, ба баҳри Адриатика баромад.
Дар натиҷаи ҷангҳо барои мероси Лаҳистон ва Австрия ҳудуди давлатҳо ва сулолаҳои ҳукмрони нимҷазираи Апеннин тағйир ёфт. Баъди ба имзо расидани сулҳи Ахен ((1748) дар сарзимини Итолиё қариб ним аср оромӣ ҳукмфармо буд, ки ба рушди иқтисодӣ, тараққии шаҳрҳо, ривоҷи тиҷорат, инкишофи муносибатҳои капиталистӣ дар як қатор ноҳияҳо мусоидат кард.
Дар нимаи 2-юми асри 18 дар давлатҳои Итолиё ғояи маорифпарварӣ паҳн гардид. Маорифпарварони Итолиё (Ч. Беккариа. П. Верри, Ҷ. Караччоло, Г. Филанҷери ва дигарон) тартиботи феодалиро зери танқиди сахт гирифта, барҳам додани онро талаб карданд. Солҳои 70–80 асри 18 дар давлатҳои Итолиё – Тоскана, шоҳии Сардиния ва ғ. дар рӯҳи мутлақияти маорифпарвар ислоҳотҳо гузаронида шуданд.
Аз охирҳои асри 18 дар Итолиё ҳаракат баҳри озодӣ аз зулми аҷнабиён ва истиқлолияти миллӣ сар шуд, ки дар таърих бо номи Рисорҷименто машҳур аст. Моҳияти асосии он мубориза барои эҳёи миллӣ ва муттаҳидсозии Итолиё буд. Ватандӯстони Итолиё дар нақшаҳои барпо намудани Итолиёи ягона дар он давра умеди худро ба ёрии Фаронсаи инқилобӣ баста буданд. Баъди юриши Наполеон Бонапарт ба Итолиё (1796–97) дар Итолиё ба ҷои низоми монархистӣ ва давлатҳои пештара зери ҳимояи артиши Фаронса якчанд ҷумҳурии тобеи Фаронса (Сизалпиния, Лигурия, Рум, Партенопей, Этруск) барпо гардида, баъзе ислоҳоти буржуазӣ гузаронида шуд. Вобастагии шахсии деҳқонон ва як қатор маҷбуриятҳо бекор карда шуданд. Дар миқёси калон заминҳои калисоҳо ва дайрҳо мусодираву фурӯхта шуданд ва аз ҳисоби онҳо шакли заминдории буржуазӣ ташаккул ёфт (ин раванд дар асри 19 низ идома ёфт), лекин сиёсати ғоратгаронаи маъмурияти Фаронса ба тараққиёти иқтисодии Итолиё монеъ ва боиси норозигии ҷиддии оммаи деҳқонон гардид. Соли 1799 зери фишори артиши Австрия ва Руссия, ки бо дастгирии флотҳои Британия ва Руссия ва артиши шоҳии Неаполитания амал мекард, артиши Фаронса нимҷазираи Апеннинро тарк кард. Низоми ҷумҳуриявӣ сарнагун карда шуд, ҳазорҳо ҷумҳурихоҳон ҷазо дода шуданд.
Итолиё дар садаи XIX
вироишСоли 1800 лашкари Фаронса боз ба ҳудуди Итолиё ҳуҷум кард. Соли 1810 тамоми Итолиё (ғайр аз ҷазираҳои Сардиния ва Ситсилия) зери ҳукумати Фаронса даромад. Пемонт, Ҷумҳурии Венетсия бо мулкҳои дар Адриатика будаи он ва як қатор ҳудуди Итолиёи Марказӣ ба сифати департаментҳо ба ҳайати империяи Фаронса дохил шуданд. Қисми зиёди Итолиёи Шимолӣ ва Марказӣ дар Ҷумҳурии Италияи солҳои 1802–05 бо марказаш Милан муттаҳид карда шуд, ки соли 1805 ба Шоҳии Италия бо сарварии Наполеони I табдил ёфт. Шоҳии Неаполитан ва Итолиёи Марказиро императорҳо ба якчанд шоҳӣ тақсим карда, роҳбарии онро ба хешовандон ва наздикони худ вогузоштанд. Конгресси Вена солҳои 1814–15 ҳокимияти мутлақи феодалиро, ки то юриши Наполеон дар Итолиё вуҷуд дошт, барқарор кард: Шоҳии ҳар ду Ситсилия, давлати Папа, герсогии Модена, Парма, Тоскана, шоҳии Сардиния (Пемонт), Ломбардия ва Венетсия ба ҳайати империяи Австрия дохил карда шуданд. Австрия бар давлатҳои Итолиё қариб пурра ҳукмронӣ мекард. Шоҳии Сардиния, ки асосан сиёсати мустақилонаро пеш бурд, истисно буд. Ба муборизаи зидди зулми хориҷӣ (Австрия), реаксияи феодалӣ ва парокандагии сиёсӣ карбонарийҳо роҳбарӣ мекарданд. Инқилоби буржуазии Неапол (1820–21), Пемонт (1821) ва Инқилоби соли 1881 дар Итолиёи Марказӣ (дар Модена. Парма ва дар вилояти Папа), ки ба онҳо карбонарийҳо сарварӣ карданд, демократҳои Итолиёро маҷбур карданд роҳҳои дигари муборизаро ҷустуҷӯ кунанд. Ҷ. Мадзини бо роҳи инқилоби халқӣ муттаҳид кардани Итолиё ва барпо кардани ҷумҳурии демократиро пешниҳод кард, аммо ташкилоти «Италияи ҷавон» (асосгузораш Мадзини) аз халқ ҷудо буд. Дар солҳои 40 асри 19 либералҳо нақшаҳои дар атрофи Папаи Рум (Ҷоберти) ва ё шоҳии Сардиния (Балбо ва дигарон) муттаҳид намудани давлатҳои Итолиёро пеш гузоштанд. Инқилоби буржуазии солҳои 1848–49 ҳамаи давлатҳои Итолиёро фаро гирифта, таҳти шиорҳои Рисорҷименто гузашт. Хусусияти демократии он махсусан дар Рум зоҳир шуд, ки он ҷо ҷумҳурӣ барпо гардида, ба манфиати халқ як қатор ислоҳоти буржуазӣ-демократӣ гузаронида шуд. Бо вуҷуди он инқилобгарони демократ Ҷ. Мадзини ва Ҷ. Гарибалди (аз тарси он ки ба манфиати дворянҳои либерал ва буржуазияи ба замин алоқаманд зарар наоваранд) барои ба мубориза ҷалб намудани деҳқонон ҷуръат накарданд. Чунин вазъият инқилобро суст кард, интервентҳои аксулинқилоби Фаронса, Австрия ва дигар давлатҳо онро пурра буғӣ карданд. Инқилоби солҳои1859–60 марҳалаи ҳалкунандаи Рисорҷименто гардид. Доираҳои либералии давлатҳои Итолиё шоҳии Сардинияро (шоҳ Виктор Эмануэли II, сарвазир К. Б. Кавур), ки ба васеъ намудани ҳудуди худ кӯшиш намуда, сиёсати зидди хонаводаи Габсбургҳои Австрияро мебурд, тарафдорӣ карданд. Дар рафти ҷанги Австрия, Италияю Фаронса соли 1859 Ломбардия аз зулми Габсбургҳо озод ва дар натиҷаи шӯришҳои халқӣ ҳокимони Модена, Парма, Тоскана ронда шуданд. Дар натиҷаи ҳарбузарби инқилобӣ бо сарварии Ҷ. Гарибалди (1860) ҷануби Итолиё аз ҳокимияти Бурбонҳои Испания озод карда шуд.
Итолиёи муттаҳид (1871—1900)
вироишТамоми ҳудуди озодгардида соли 1860 ба шоҳии Сардиния ҳамроҳ шуд ва соли 1861 аз он шоҳии ягонаи Итолиё барпо гардид. Баъди ҷанги Австрияю Италия соли 1866 ба ҳайати Итолиё Венетсия ҳам дохил шуд. Баъди дар соли 1870 ба Итолиё ҳамроҳ шудани Рум (ҳокимияти Папа барҳам дода шуд) муттаҳидшавии Итолиё ба охир расид. Ба сари ҳокимият блоки буржуазӣ-либералӣ ва дворянҳо омад. Маҳз муборизаи оммаи халқ муваффақиятҳои Рисорҷименторо таъмин кард. Итолиё ба давлати буржуазии конститутсионии мутлақ табдил ёфт, аммо боқимондаҳои феодалӣ барҳам дода нашуда буданд.
Аз самараҳои Рисорҷименто сулолаи Савойя ва ба ном «Рости таърихӣ» – давомдиҳандаи сиёсати қаноти муътадили лагери либералию монархистӣ истифода бурданд. Дар доираи сохти конститутсионию парламентии дар солҳои 1860–90 ташаккулёфта байни монархия, заминдорони калон, ашрофи дворянии машҳур ва буржуазияи тиҷоратию молиявӣ ва саноатӣ созиш ба амал омад. Солҳои 1861–76 ҳукуматҳои либералии «Рости таърихӣ» фаъолона ба яксонкунии низоми маъмурӣ, молиявию қарзӣ, андоз, судӣ ва кодекссозии ҳуқуқи шаҳрвандӣ машғул шуданд. Низоми бонкии ягона ва маҷмӯи андозаву вазнҳо ҷорӣ, Бонки миллӣ ташкил ва монеаҳои дохилии гумрукӣ бартараф карда шуданд. Бо маблағи давлат ё бо ёрии молиявии он роҳҳои оҳан ва автомобилгард сохта, бандарҳо обод карда, хатҳои телеграф гузаронида шуданд. Ба болои ин хароҷот хароҷоти калон барои ширкатҳои ҳарбӣ ва навсозии артишу флот, инчунин ташкили аппарати нави давлатӣ ва пардохти қарзҳои сулолаҳои пештара (2,4 млрд лир) зам шуданд. Ҳамаи ин вазъи молиявии давлати Итолиёро мураккаб карда, боиси камбуди буҷети давлатӣ, таваррум ва қиматшавии нархи молҳои ниёзи мардум гардид. Манбаи асосии воридоти буҷетӣ андозҳои мустақим ва ғайримустақим шуданд, ки бори онҳо ба дӯши табақаҳои нисбатан дорои аҳолӣ меафтод ва дар сурати ҳал накардани масъалаи аграрӣ метавонист боиси шиддатёбии зиддиятҳои иҷтимоӣ гардад.
Аз солҳои аввали мавҷудияти давлати Итолиё бахусус «масъалаи ҷануб» хеле тезутунд гардид. Сабаби он буҳрони дурударози иҷтимоию иқтисодӣ дар ҷануби Итолиё буд, ки то суқути низоми Бурбонҳо давом кард. Солҳои 1860–70 ноҳияҳои ҷануби нимҷазираи Апеннинро боз (мисли дар нимаи 2-юми асри 16 ва асри 17) мавҷи ғоратгарии иҷтимоӣ фаро гирифт. Дастаҳои мусаллаҳи сершумори сокинони маҳаллӣ, ки ба ниҳояти қашшоқӣ, беҳуқуқӣ ва худсарии ҳокимон расида буданд, бо усулҳои партизанӣ амал карда, аз ғоратгарӣ, куштор, оташзанӣ даст намекашиданд ва бар зидди намояндагони давлат ва латифундистҳо мубориза мебурданд. Солҳои 1880 ғоратгарии иҷтимоӣ дар ҷануби Итолиё умуман пахш карда шуд, вале амалҳои ҷазодиҳии ҳокимон дер вақт муносибати марказ ва ҷануби Итолиёро мураккаб кард. Баъд «масъалаи ҷануб» ба зиддияти шимол ва ҷануби Итолиё табдил ёфт ва боиси пайдоиши меридионализм – равияи махсус дар ҳаёти ҷамъиятию сиёсии Итолиё гардид.
Солҳои 1874–76 «Рости таърихӣ» аз боварии мардум баромад. Блоки мухолифин, ки «Чап» ном дошт (пешвояш собиқ мадзинист А. Депретис) соли 1874 аксарияти ҷойҳоро дар парламент соҳиб шуда, марти 1876 бо розигии Виктор Эммануэли II ба сари ҳокимият омад. Дар давраи ҳукмронии блоки «Чап» (1876–87) аз ислоҳоти ваъдашуда танҳо қисми камашон гузаронида шуданд: соли 1877 маълумоти дунявии давлатӣ қонунӣ, маълумоти ибтидоии ҳатмӣ ҷорӣ ва ниҳоди никоҳи шаҳрвандӣ барқарор карда шуд; андози замин ва намак кам карда шуд; соли 1880 андоз барои ордкунии ғалладона бекор, вале андоз барои истеҳсол ва истеъмоли қанд ҷорӣ карда шуд.
Дар солҳои ҳукмронии блоки «Чап» барои саноатикунонии мамлакат қадамҳои ҷиддӣ гузошта шуд. Дар баробари ширкатҳои калони оилавӣ дар иқтисодиёти мамлакат ҷамъиятҳои саҳомӣ нақши бузург доштанд, вале саноатикунонии мамлакат боиси тақвияти зиддиятҳои иҷтимоӣ шуданд. Ба ҷунбишҳои деҳқонӣ масъалаи коргарон, ки сабаби он душвор шудани шароити меҳнати коргарони Итолиё буд, зам шуд. Ба Итолиё ғояҳои анархизм ва марксизм ворид шуданд, респубикачиён ва радикалҳо, ки ҷонибдори шакли республикавии ҳокимият буданд, шуҳрат пайдо карданд. Соли 1892 ҳизби сотсиалистӣ (аз соли 1895 – Ҳизби сотсиалистии Италия, ҲСИ), соли 1895 ҳизби республикавӣ таъсис ёфтанд. Дар давраи сарвазирии Ф. Кристи (1887–91, 1893–96) ва ҷонишинони ӯ ҳукумат усулҳои авторитарии ҳукмрониро истифода бурда, озодиҳои сиёсӣ ва вазифаҳои парламентро маҳдуд кард, ҳаракатҳои инқилобии деҳқонон ва коргаронро бераҳмона ҷазо медод. Мас., Кристи ба муқобили ҳаракати халқии солҳои 1892–94, ки дар Ситсилия васеъ паҳн шуда буд, лашкарро истифода бурда, ҷазираро муҳосира кард. Фаъолияти ҳизби сотсиалистӣ манъ карда шуд. Соли 1898 сипоҳиёни ҳукуматӣ ҷунбиши халқиро дар Милан бераҳмона пахш карданд. Солҳои 1890 дар таърхи Итолиё ҳамчун «даҳсолаи хунин» сабт шудааст.
Садаҳои XX—XXI
вироишСолҳои 1900 вазъ дар Итолиё боз ҳам тезутунд гардид. Соли 1900 ба дасти анархистҳо шоҳ Умберто I кушта шуд, қувваҳои мухолифи ҳукумат – «Чапи оштинопазир» (сотсиалистон, республикачиён, радикалҳо) ва либералҳои чап («чапи конститутсионӣ») мавқеи худро дар интихоботҳои парлумонӣ мустаҳкам намуданд. Шоҳи нав Виктор Эмануили III соли 1901 ба либералҳои чап супориш дод, ки ҳукуматро ташкил кунанд. Ибтидои асри 20 «давраи либералӣ» номида мешавад, ки бо номи Ҷ. Ҷолитти (дар ин давра чанд бор роҳбари ҳукумат буд: 1903–05, 1906–09, 1911–14) алоқаманд аст. Солҳои 1901–04 дар соҳаи иҷтимоӣ ислоҳот гузаронида шуданд, вале ин ислоҳотҳо сулҳи иҷтимоиро, ки Ҷолитти ва ҷонишинони ӯ мехостанд, таъмин карда натавонистанд. Соли 1906 иттифоқҳои касабаи соҳавии навтаъсиси Итолиё дар Конфедератсияи умумии меҳнаткашон (КУМ) муттаҳид шуданд. Солҳои 1906–09 ҳамзамон бо миллигардонии р. о. ҳукумат қонунҳое қабул кард, ки корпартоиҳои роҳиоҳанчиён ва хидматчиёни давлатиро манъ мекарданд. Соли 1912 ислоҳоти нави интихоботӣ гузаронида шуд, ки боиси то 25% зиёд шудани шумораи интихобкунандагон гардид. Ин ҳодиса мавқеи сотсиалистҳо, инчунин иттиҳодияҳои интихоботии католикиро, ки бо иҷозати папа Пий X дар интихоботи соли 1904 иштирок карда буданд, мустаҳкам кард. Солҳои 1897–1914 иқтисодиёти Итолиё борсуръат афзуд. Раванди саноатикунонӣ бахусус дар ноҳияҳои шимоли мамлакат вусъат ёфт. Дар ин давра ММД аз 2 млрд то 4,7 млрд лир, даромади миллӣ аз 10,1 то 19,1 млрд лир афзуд.
Дар сиёсати хориҷӣ кӯшиши асосии шоҳии Итолиё дар ибтидо барои аз ҷониби давлатҳои бузурги Аврупо эътироф шудани дастовардҳои Рисорҷименто равона шуда буд. Давлати ягонаи Итолиё дар солҳои аввали мавҷудият таҳти таъсири сахти Фаронса қарор дошт, баъд бо Олмон наздик шуд. Соли 1882 Итолиё новобаста ба зиддиятҳо бо Австрия ба Иттиҳоди сегона бо Олмон ва Австрияю Маҷористон (Венгрия) дохил шуд. Итолиё бахусус дар ибтидои асри 20 кӯшиш кард, ки муносибатҳои худро бо Олмон ва Австрияю Маҷористон муътадил гардонад. Ин барои ғасби мустамликавӣ ва аксуламал ба сиёсати Австровенгрия дар Балкан, ки Итолиё дар ин ҷо манфиатҳои худро дошт, зарур буд. Итолиё соли 1989 Сомалӣ, 1890 Эритрея, 1912 Либияро забт кард. Соли 1914 Ҷолитти истеъфо дод. Ҷонишини ӯ А. Саландра тарафдори тарзи нисбатан золимонаи ҳукмронӣ буд. Солҳои 1914–15 Итолиёро эътирозҳои халқӣ ба ларза дароварданд, ки бузургтаринашон «Ҳафтаи сурх» (июни 1914) ва «рӯзҳои май» (1915) буданд. Дар Анкон, Равен, Рум, Милан, Флоренсия ин эътирозҳо ба задухӯрд бо политсия ва ҷангҳои сангарӣ табдил ёфтанд.
Дар Ҷанги якуми ҷаҳонӣ (1914–18) Итолиё (аз соли 1915) ҳамчун тарафдори Антанта иштирок кард. Мувофиқи шартномаҳои баъдиҷангӣ Итолиё танҳо Трентино,Тироли Ҷанубӣ, нимҷазираи Истрия ва чанд музофоти дигарро гирифт. Дар солҳои аввали баъди ҷанг иқтисодиёти Итолиё ба буҳрони шадид гирифтор шуд. Қарзи давлатӣ аз 15,3 млрд лири соли 1914 дар соли 1919 то 49,9 млрд лир афзуд, Буҳрони иқтисодӣ, норозигӣ аз натиҷаҳои ҷанг ва таъсири Инқилоби Октябр дар Руссия боиси ниҳоят авҷ гирифтани ҳаракати коргарӣ дар Итолиё гардид. Соли 1919 шумораи ширкатдорони корпартоиҳо ба беш аз 1 млн нафар расид. Дар ҷануби мамлакат деҳқонон заминҳои помешиконро ғасб намуданд. Соли 1920 корпартоиҳо хеле авҷ гирифтанд: коргарони саноати коркарди филиззот ва як қатор соҳаҳои дигар корхонаҳоро ба даст дароварда, онҳоро 3 ҳафта дар даст нигоҳ доштанд., шӯроҳои фабрикаву заводӣ ташкил карда, истеҳсоли маҳсулотро ба роҳ монданд. Аммо ҲСИ, ки ба муборизаи меҳнаткашон роҳбарӣ менамуд, аз вазъияти инқилобӣ истифода бурда натавонист ва ҳаракати инқилобӣ рӯ ба таназзул ниҳод. Соли 1921 гурӯҳҳои чапи ҲСИ ҷудо шуда, Ҳизби коммунистии Италия (ҲКИ)-ро ташкил карданд. Иттиҳодияҳои калонтарини иттифоқҳои касаба, КУМ, ки соли 1919 зиёда аз 1 млн нафарро дар бар мегирифтанд, таҳти таъсири равияи ислоҳотгарои ҲСИ қарор доштанд. Буржуазияи калон ҷавобан ба баромадҳои инқилобӣ ташкилотҳои фашистиро (соли 1919 таъсис ёфт) дастгирӣ мекардагӣ шуд. Дар интихоботи соли 1921 фашистон ба Блоки миллӣ дохил ва дар парламент 35 ҷойро соҳиб шуданд. Ноябри соли 1921 Ҳизби миллии фашистӣ (ҲМФ) ташкил карда шуд. Соли 1922 ба сари ҳокимият фашистон омаданд. Диктатураи фашистии Муссолини (1922–43) низоми террористӣ ҷорӣ кард. Аз соли 1926 ҳамаи ҳизбу ташкилотҳо, ғайр аз фашистӣ, манъ карда шуданд. ҲКИ (пешвоёнаш А. Грамши ва П. Толятти) сарвари муборизаи зидди фашизм гардид. Итолиёи фашистӣ ба зидди Эфиопия (Ҳабашистон) (1935–36) ва Албания (1939) ҷанги истилогарона сар карда, ин мамлакатҳоро забт намуд ва ҳамроҳи Олмони фашистӣ дар интервенсияи зидди Республикаи Испания (1936–39) иштирок кард. Итолиё бо Олмони фашистӣ муоҳидаи ҳарбӣ баста, соли 1940 аз тарафи он ба Ҷанги дуюми ҷаҳонии 1939–45 дохил шуд. Октябри соли 1940 Итолиё ба Юнон, апрели 1941 ба Югославия ҳуҷум кард. 22 июни 1941 ба ИҶШС ҷанг эълон намуд. Ғалабаҳои Артиши Шӯравӣ дар ҶБВ, болоравии ҳаракати зиддифашистӣ дар мамлакат, дар Ситсилия фуровардани лашкариёни Англия ва Амрико тартиботи Муссолиниро 25 июли 1943 барҳам заданд, вале 8 сентябри 1943 Олмони фашистӣ қисми зиёди Итолиёро ишғол кард. Дар мамлакат Ҳаракати муқобилат авҷ гирифт. Нуқтаи олии ин ҳаракат, ки ба он коммунистон ва дигар ҳизбҳои зиддифашистӣ роҳбарӣ мекарданд, шӯриши умумихалқии апрели 1945 гардид. Бо амалиёти қувваҳои Муқобилат ва қӯшунҳои Англияю ИМА Итолиё озод карда шуд. Муборизаи зиддифашистӣ қувваҳои демократиро муттаҳид кард.
Дар солҳои Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ зиёда аз 330 ҳазор нафар аҳолии Итолиё талаф ёфт. Мувофиқи шартномаи сулҳи Порис (1947) Итолиё нимҷазираи Истрия ва як қисми Крайни Юлия, ш. Фиуме (Риека), коммунаи Зара бо ҷазираҳои атрофаш, ҷазираи Пелагоза бо ҷазираҳои атрофашро ба Югославия дод. Триес ҳудуди озод эълон карда шуд. Итолиё аз Сомали, Эритрея, Либия даст кашид, истиқлолияти Албания ва Эфиопияро эътироф кард, уҳдадор шуд, ки ба Иттиҳоди Шӯравӣ 100 млн доллар, Албания 5 млн доллар, Эфиопия 25 млн доллар, Юнон 105 млн доллар, Югославия 125 млн доллар товони ҷанг медиҳад ва даъвоҳои товони ҷанги дигар мамлакатҳоро қонеъ мегардонад.
Солҳои 1944–47 ба ҳайати ҳукуматҳо коммунистон ва сотсиалистҳо дохил буданд, аммо ҳар дафъа имтиёз дар дасти Ҳизби насронӣ-демократии Италия (ҲНДИ; таъсисаш 1943) буд. Соли 1945 ҳукуматро ташкил кард ва ҳоло дар Итолиё ҳизби асосии буржуазӣ мебошад. Соли 1946 мутлақият сарнагун ва Итолиё ҷумҳурӣ эълон шуд. Соли 1948 аз рӯи Нақшаи Маршалл ёрии иқтисодии ИМА-ро қабул кард. Соли 1949 ба муоҳидаи НАТО (дар Итолиё пойгоҳҳои ҳарбии НАТО ва ИМА ҷой гирифта буданд) дохил шуд. Баъди Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ Итолиё ба мамлакати саноаташ тараққикарда табдил ёфт. Соли 1957 ба «Бозори умумӣ» шарик шуд. Умуман солҳои 1950 – ибтидои солҳои 1960 иқтисодиёти Итолиё босуръат тараққӣ кард, ки ба рушди равандҳои интегратсионӣ дар Аврупои Ғарбӣ ва инвеститсия (маблағгузори)-и калони ширкатҳои бузурги Итолиё (FIAT, ENI, «Agnelli», «Pirelli», «Pesenti», «Marzotto»,«Ferruzzi») ва дигар омилҳо мусоидат намуд. Солҳои 1953–63 даромади миллӣ қариб ду баробар, ҳаҷми умумии истеҳсолот 2,5–3 баробар афзуд. Махсусан саноати кимиё ва мошинсозӣ босуръат тараққӣ карданд. Дар мамлакат сафи бекорон кам шуд. Дар ибтидои солҳои 1960 Итолиё ба қатори даҳ давлати бузурги ҷаҳон дохил шуд. Соли 1962 ҳукумати ҳизбҳои сентристии чап бо роҳбарии А. Фанфани (ҲНДИ, Ҳизби республикавии Италия, Ҳизби сотсиалистии демократии Италия) ташкил карда шуд. Соли 1963 ҲСИ низ ба ҳукумати сентристии чап дохил шуд. Роҳбари ин ҳукуматҳо дар солҳои 1963–69 А. Моро буд. Роҳи роҳбарии ҲСИ-ро барои инкишофи ҳамкорӣ бо насрониҳои демократ як қисми аъзои ҳизб ҷонибдорӣ накарданд. Январи 1964 ҲСИ пароканда шуд; гурӯҳи чапи он ҳизби мустақили худро бо номи Ҳизби сотсиалистии ягонаии пролетариати Италия (ҲСЯПИ) ташкил кард.
Дар нимаи 2-юми солҳои 1960 дар шароити болоравии буҳрон дар Итолиё корпартоиҳо ва эътирозҳои оммавӣ авҷ гирифтанд, ки дар онҳо дар баробари коргарон донишҷӯён, хидматчиён, мансабдорон, муаллимон, духтурон, нафақагирон фаъолона ширкат намуданд. Солҳои 1967–68 мамлакатро мавҷи баромадҳои донишҷӯён фаро гирифт Шиорҳои онҳо аввал такмилдиҳии низоми таълими донишгоҳӣ буд, ки тадриҷан ба талаби ислоҳоти ҷиддии иҷтимоию иқтисодӣ табдил ёфт. Солҳои 1968–69 дар мамлакат ду корпартоии калонтарини умумимиллӣ (то 20 млн ширкаткунада) зери шиорҳои гузаронидани ислоҳоти нафақа, ҳал кардани масъалаи манзил, беҳтар кардани шароит ва музди меҳнат баргузор гардид.
Тезутундшавии вазъияти сиёсии дохилӣ боиси таъйироти ҷиддӣ дар низоми ҳизбию сиёсии Итолиё гардид. ҲНДИ як қисми тарафдорони худро аз даст дод, мавқеи ҳизбҳои чап ва рост мустаҳкам гардид. Соли 1966 ҲСИ ва Ҳизби сотсиалистии демократии Италия муттаҳид шуданд ва дар натиҷа Ҳизби муттаҳидаи сотсиалистӣ (ҲМС) ба вуҷуд омад. Соли 1969 аз ҲМС гурӯҳи (қаноти) чап ҷудо шуда, Ҳизби сотсиалистии унитариро ташкил кард (ҲСУ; аз соли 1971 Ҳизби сотсиалистии демократии Италия, ҲСДИ). ҲКИ-ро низ як қисми аъзояш тарк карда, ҳизби «Демократияи пролетарӣ»-ро ташкил карданд. Дар ҳаракати иттифоқҳои касаба тамоюли муттаҳидшавии марказҳои асосӣ ба амал омад. Соли 1972 Конфедератсияи умумии меҳнати Италия (КУМИ), Конфедератсияи иттифоқҳои касабаи меҳнаткашони Италия (КИКМИ) ва Иттиҳоди меҳнати Италия (ИМИ) федератсия ташкил карда, роҳбари умумӣ интихоб намуданд.
Дар охири солҳои 1960 – ибтидои солҳои 1970 дар Итолиё бисёр гурӯҳҳои сиёсии тундгаро пайдо шуданд. Дар қаноти чапи сиёсӣ гурӯҳҳо ва ташкилотҳои «мухолифи ғайрипарлумонӣ» ва ташкилоти террористии чапи «Бригадаҳои сурх» ба вуҷуд омаданд. Дар қаноти рост ҳизбҳо ва гурӯҳҳои фашистии нав, ба монанди Ҳаракати сотсиалистии Италия, Ҷабҳаи миллӣ, «Пешоҳанги миллӣ», «Тартиботи нав» ва ғ. фаъол гардиданд. 7–8.12.1970 Ҷабҳаи миллӣ бо сарварии В. Боргезе кӯшиши табаддулот кард.
Дар нимаи 1-уми солҳои 1970 вазъияти иқтисодии Итолиё бар асари буҳрони энергетикии ҷаҳонӣ боз ҳам бадтар шуд. Баҳори соли 1974 камбуди тавозуни савдои берунии Итолиё ба 3267 млрд лир расид, қарзи дохилӣ хеле зиёд ва захираҳои асъор кам шуд, таваррум ба 19,3% расид. Шумораи бекорон 15 млн нафарро ташкил дод. Итолиёро мавҷи экстремизми чап ва рост фаро гирифт. Дар шароити буҳрон чанд ҳайати вазирон, ки мушкилоти дар назди давлат истодаро ҳал карда натавонистанд, иваз шуд. Баъди интихоботи ғайринавбатии парламент дар соли 1976, ки дар он ҲНДИ 38,8% ва ҲКИ 34,4%-и овозҳои интихобкунандагонро ба даст оварданд, ҳукумати якҳизбии ҲНДИ бо сарварии Ҷ. Андреотти ташкил карда шуд. Вай ба ҳукумати коалитсионӣ, ки ба он чанд ҳизб, аз ҷумла ҲКИ дохил буданд, такя мекард. Вале баъди баҳори соли 1978 аз дасти «Бригадаҳои сурх» кушта шудани раиси ҲНДИ А. Моро (ҷонибдори фаъоли коммунистон) ва бо ҷурми аз ширкати амрикоии «Lokheed» пора гирифтан аз мансаби президентӣ истеъфо додани демократи насронӣ Ҷ. Леоне, ҲКИ коалитсияи парламентиро тарк кард. Ҳукумати Ҷ. Андриотти ҳам аз дастгирии парламент маҳрум шуда, январи 1979 истеъфо дод. Баъди интихоботи ғайринавбатии парламентии соли 1979 ҳукумати коалитсионӣ ташкил карда шуд, ки ба он ҲНДИ, ҲСДИ ва либералҳо дохил шуданд. Ба ҳайати нави вазирон демократи насронӣ Ф. Коссига роҳбарӣ мекард. Октябри 1980 аз сабаби дур шудан аз барномаи ҳукуматии беҳсозии иқтисодиёти мамлакат Ф. Коссига аз вазифаи сарвазирӣ озод ва ба ҷои ӯ дигар намояндаи ҲНДИ – А. Форлани таъйин карда шуд. Соли 1981 мансаби сарвазириро намояндаи Ҳизби ҷумҳуриявии Италия Ҷ. Спадолини ишғол намуд, солҳои 1983–87 ба ҳукумати Итолиё пешвои ҲСИ Б. Кракси роҳбарӣ кард. Пастравии навбатии саноати Итолиё дар солҳои 1980 боиси тезутундшавии вазъият дар мамлакат гардид. Солҳои 1980–82 дар Итолиё 42 млн нафар корпартоӣ карданд, дар корпартоии умумии соли 1983-юм 14,5 млн иштирок намуданд. Ҳукумати Кракси муборизаро бар зидди терроризм ва мафия сар кард. Солҳои 1986–87 дар Палермо гурӯҳи калони сарварон ва аъзои мафияи Ситсилия ба мурофиаи ҷиноятӣ кашида шуданд (334 ҷинояткор суд карда шуд). 18.2.1984 католитсизм ҳамчун дини давлатӣ бекор карда шуд. Соли 1991 ҲКИ ба гурӯҳҳо ҷудо шуд.. Аксарияти узви он бо роҳбарии М. Дʾ Алема дар Ҳизби демократии қувваҳои чап (ҲДҚЧ) муттаҳид шуданд, ақаллият Ҳизби азнавсозии коммунисти (ҲАК)-ро ташкил карданд. Соли 1994 ҲНДИ низ ба чанд гурӯҳ ҷудо шуд ва дар натиҷа Ҳизби халқии Италия (ҲХИ), Маркази насронии демократӣ, Иттиҳоди демократҳои насронӣ ба вуҷуд омаданд. Ноябри 1994 ҲСИ фаъолияти худро қатъ кард ва ба гурӯҳҳои хурд (Сотсиалистҳои Италия, Ҳизби ислоҳотхоҳи Италия ва ғ.) ҷудо шуд.
Дар натиҷаи суст шудан ва аз арсаи сиёсат рафтани ҲНДИ ва ҲСИ, ба гурӯҳҳо ҷудо шудани ҲКИ дар Итолиё фазои холии сиёсии махсус ба вуҷуд омад, ки онро зуд ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва ҳизбҳои нав пур карданд. Пешвои қувваҳои рост ҳизби соли 1994 таъсисдодаи «Ба пеш, Италия!» бо сарварии С. Берлускони гардид. Ӯ якҷо бо иттиҳоди Лигаи Шимол, Пешоҳанги миллӣ ва ғ. блоки пешазинтихоботии «Қутби озодӣ»-ро ташкил намуд, ки дар интихоботи соли 1994 ғалаба кард. Роҳбари ҳукумати Итолиё майи 1994 С. Берлускони буд, вале баъди чанд моҳ бо сабаби аз коалитсия баромадани Лигаи Шимол коалитсия пароканда шуд. Декабри 1994 Берлускони бо ҷурми айбдоркунӣ ба ришвахӯрӣ аз мансаби сарвазирӣ истеъфо дод. «Ҳукумати технократҳо» ташкил карда шуд, ки ба он собиқ директори генералии Banca d' Italia Л. Дини роҳбарӣ мекард. Дар интихоботи парламентии соли 1996 блоки чапи «Дарахти зайтун» ғалаба кард. Дар он таҳти роҳбарии ғайриҳизбӣ Р. Проди 13 ҳизби чапгаро ва сентристӣ, аз ҷумла ҲДҚЧ, ҲХИ, сабзҳо муттаҳид шуданд. Октябри 1998 Р. Проди истеъфо дод ва мансаби сарвазириро М. ДʾАлема ишғол намуд. Баъди мағлубияти «Дарахти зайтун» дар интихоботҳои минтақавӣ соли 2000 сарвазири Итолиё ғайриҳизбӣ Ҷ. Амато интихоб шуд. Дар интихоботи парламентии 2001 коалитсияи нави сентристии рости ташкилкардаи С. Берлускони «Хонаи озодӣ» ғалаба кард, вале кӯшишҳои ҳайати вазирони Берлускони барои васеъ намудани ҳуқуқҳои корфармоён дар масъалаи қатъкунии шартномаҳои меҳнатӣ ва нақшаҳои ислоҳоти низоми ҳуқуқии ӯ боиси эътирозҳои умумӣ дар ҷамъияти Итолиё гардид. Дар интихоботи соли 2006 аксари интихобкунандагон ба тарафдории блоки сентристии чап овоз доданд, ки ба он боз Р. Проди роҳбарӣ кард. Ҳайати вазирони Проди мушкилоти сиёсию иқтисодиро ҳал карда натавонист. Дар интихоботи парламентии апрели 2008 коалитсияи сентристии рости «Халқи озодӣ» бо роҳбарии С. Берлускони ғалаба кард. Дар солҳои баъдӣ С. Берлускони (8.5.2008–16.11.2011), М. Монти (16.11.2011–26.4.2013), Э. Летта (26.4.2013–22.2.2014), М. Роенси (22.2.2014–12.12.2016) сарвазирони Итолиё буданд. Сарвазири кунунии Итолиё (аз 12.12.2016) – намояндаи Ҳизби демократии Италия П. Ҷентилони.
Дар сиёсати хориҷӣ Итолиё баъд аз Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ ҷонибдори интегратсияи аврупоӣ, НАТО ва робитаи зич бо ИМА буд. Дар давраи буҳрони солҳои 1990–91 Итолиё ИМА-ро фаъолона дастгирӣ кард. Соли 1999 ҳудуди худро барои бурдани амалиётҳои ҳарбии зидди Сербия ба қӯшунҳои НАТО дод. Солҳои 2000 ба сифати ҳампаймони ИМА қувваҳои ҳарбии маҳдуди худро ба Афғонистон ва Ироқ фиристод.
Президентҳои Итолиё: Э де Никола (1.7.1946–12.5.1948), Л. Эйнаули (12.5.1948–11.5.1955), Ҷ. Гронки (11.5.1955–11.5.1962), А. Сени (11.5.1962–6.12.1964), Ҷ. Сарагат (6.12.1964–29.12.1971), Ҷ. Леоне (29.12.1971–15.6 1978), А. Пертини (15.6.1978–29.6.1985), Ф. Коссига (29.6.1985–28.4.1992), О. Л. Скалфаро (28.4.1992–15.5.1999), К. А. Чампи (15.5.1999–15.5 2006), Ҷ. Наполитано (15.5.2006–11.1.2015), С. Матарелла (аз феврали 2015).
Эзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- Итолиё / Н. Шарипов // Исҳоқ — Кашиш. — Д. : СИЭМТ, 2020. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 9). — ISBN 978-99975-68-17-5.