Таърихи Фирӯзшоҳӣ (дастхат)
Зиёи Баранӣ «Таърихи Фирӯзшоҳӣ» (Дастхат)
Мундариҷа
вироишМуаллифи китоб яке аз муаррихони намоёни асри XIV Ҳиндустон ба шумор меравад. Он иборат аз ду ҷилд буда, дар асоси ҷустуҷӯиҳои чандинсолаи муаллиф ва шиносоии ӯ бо аҳолии гуногуни Ҳиндустон соли 758 ҳ\1357 м, эҷод шудааст. Асар дар бораи халқи ин мамлакати қадим, урфу одат, дин ва системаҳои фалсафавии он кишвар маълумоти муфассал медиҳад. Дар асар, инчунин, оид ба инкишофёбии илму фан ва фарҳанги Ҳиндустон, Хоразм ва ғайраҳо сухан меравад. Махсусан, доир ба омӯхтани салтанати Деҳлии нимаи дуюми асри XIII ва нимаи аввали асри XIV сарчашмаи муҳим ба ҳисоб меравад. Дар бораи давраҳои ҳукмронии Ғиёсиддини Балбан, Муизиддини Қайқубод, Ҷалолиддин ва Алоуддини Хиҷӣ, Қутбиддини Муборакшоҳ, Ғиёсиддини Туғлак ва шаш соли давраи ҳукумронии Султон Фирӯзшоҳ (амакбачаи Муҳаммад Туғлақ) маълумот медиҳад. Дар варақҳои мобайнии нусха муҳри Тирандозхон гузошта шудааст.
Тақризҳо
вироишДонистаниҳо
вироишКитоби Зиёи Баранӣ «Таърихи Фирӯзшоҳӣ» (Дастхат) дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон маҳфуз аст.[1]
Пайванди беруна
вироишИн мақолаи хурд аст. Бо густариши он ба Википедия кӯмак кунед. Дар сурати имкон ин ёддошт бояд дақиқтар ҷойгузин шавад. |