Тағоймурод Раҷабов
Тағоймурод Бобоқулович Раҷабов (тав. 15.02.1954, деҳаи Чароғчии ноҳияи Ёвон), педагог, номзади илмҳои педагогӣ (1989), дотсент (1991).
Зиндагинома
вироишСолҳои 1971–1976 дар Донишкадаи давлатии омӯзгории ш. Душанбе ба номи Т.Г. Шевченко таҳсил намудааст. Солҳои 1976–1979 муаллими кафедраи методикаи таълими математика, 1979–1982 аспирант, 1982– 1989 ассистент, 1989–1991 муаллими калони кафедраи номбурдаи донишкадаи омӯзгории пойтахт буд. Солҳои 1991–2007 ҳамчун дотсенти кафедраи методикаи таълими математикаи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ кор кардааст. Аз соли 2007 мудири кафедраи методикаи таълими ибтидоии донишгоҳи мазкур мебошад. Оид ба ташаккули маҳорат ва малакаҳои тадқиқотии хонандагон ҳангоми таълими геометрия дар мактабҳои асосӣ кори илмӣ бурдааст. Муаллифи 80 кори илмию методӣ, аз ҷумла 12 васоити таълимӣ аст.
Осор
вироиш- Такрори математикаи мактабӣ. Қ. 1–2, Д., 1988;
- Корҳои контролӣ аз математикаи элементарӣ ва методикаи таълими математика, Д., 1994;
- Арифметика, Д., 1999;
- Математика (Китоби дарсӣ), Д., 2002;
- Маводи дидактикӣ аз математика барои синфҳои 5-9, Д., 2010.
Пайвандҳо
вироиш
Ин мақолаи хурд дар бораи донишманд аст. Бо густариши он ба Википедия кӯмак кунед. |