Намози таҳийяи масҷид (ар. تحية المسجد‎) — ду ракъат буда, баъд аз дохил шудан ба масҷид ва пеш аз нишастан гузорида мешавад.

Пас аз вуруд ба масҷид агар ба намози фарз ва ё намози дигаре пардохт, ҳамон намоз ба ҷои таҳияи масҷид ҳам кифоя мекунад. Расули Худо (с) мефармояд: «Касе аз шумо дохили масҷид гардад, пеш аз он ки бинишинад, ду ракъат намоз бигузорад» ва дар ривояти дигар мефармояд: «… то ду ракъат намоз нагузорад, нанишинад!».

Таҳияи масҷид аз назари машоихи мазҳаби ҳанафӣ суннат (-и ғайри ротиба) ва ба қавле мустаҳаб аст ва ба гуфтаи Ибни Ҳаҷар дар Фатҳ ва соҳиби Тӯҳфаи Аҳвазӣ (Ҷ. 2. – С. 265) он бо иттифоқи аиммаи фатво мандуб аст ва пас аз вуруд ба масҷид ба ҷой оварда мешавад. Ҳамон гуна ки дар баёни фазилат ва аҳаммияти ибодатии он аҳодиси зиёде аз паёмбар (с) ривоят шуда, аҳодис ва осоре низ аз тарки он дар мавридҳое хабар додаанд. Ривоят шуда, ки расули Худо (с) вақте мардеро дид, ки (аз болои сари мардум) мегузашт, ба вай гуфт: Бинишин, ки озор додӣ ва ӯро ба гузоридани намозе амр накард. Аз Зайд ибни Аслам низ ривоят шуда, ки асҳоби расули Худо (с) ба масҷид медаромаданд, он гоҳ берун мешуданд ва намоз (-и таҳияи масҷид)-ро намегузориданд.

Ҳамон гуна ки дар ҳадиси боло омада, афзал аст, ки ду ракъат намози таҳияи масҷидро пеш аз нишастан ба ҷой оварад ва агар бинишаст, бархоста онро бигузорад, ки он бо нишастан аз вай фавт ва соқит намегардад. Аз Абӯзар (р) ривоят шуда: Ба масҷид даромадам, ки паёмбар (с) дар онҷо буд. Ба ман гуфт: «Оё намоз гузоридӣ? Гуфтам: не. Фармуд: Бархез ва ду ракъат намоз бигузор!».

Агар рӯзи ҷумъа дар аснои хутба хондани имом ба масҷид ворид шавад, назди аиммаи ҳанафӣ намози таҳияи масҷид аз вай соқит аст, бояд ба хутбаи имом гӯш фаро диҳад. Гузоридани намози таҳияи масҷид дар вақтҳое, ки намоз дар онҳо наҳй шудааст – вақти баромадан, завол ва нишастани офтоб, низ ҷоиз нест. Зеро гузоридани ҳар гуна намозе дар ин вақтҳо бо аҳодиси саҳеҳ ва ба таври муаккад наҳй шудааст.

Рӯзона агар борҳо ба масҷид ворид шавад ҳам, як бор гузоридани намози таҳия барояш кифоя аст.

Сарчашма

вироиш
  • Абдушарифи Боқизода, Фиқҳи исломӣ бар асоси мазҳаби ҳанафӣ, Душанбе — 2017