Театри халқии ноҳияи Мурғоб
Театри халқии ноҳияи Мурғоб, ҳайати эҷодиест, ки 1 янв. 1980 таъсис ёфтааст. 24 нафар ҳунармандони ҳаваскорро муттаҳид кардааст. Театр асосан спектаклҳои драматургҳои қирғизро таҳия менамояд. «Достони бахт» ва «Мутриб»-и М.Байҷиев, «Духтари тило»-и Ҷ. Боконбаев, «Тақдири падар»-и Б. Чақиев, «Машварат»-и Т. Абдумомунов, «Медали сиёҳ», «Чоҳкан зери чоҳ»-и И. Маматов ва ғ. аз қабили онҳоянд. Ҳайати театр дар фестивал-конкурси ҷумҳуриявии эҷодиёти халқ- «Бӯстон- 3» бо намоишномаи «Оби мурод»-и А. Деҳқонбоев сазо-вори ҷоизаи сеюм шудааст.[1]
Эзоҳ
вироиш- ↑ Раҳмонқулов А. Театри халқии ноҳияи Мурғоб (маълумотномаи таърихӣ) // Энсиклопедияи адабиёт ва санъати тоҷик. - Душанбе, 2004. ҷ. 3. - С. 203.