Театри халқии ноҳияи Нуробод

Театри халқии ноҳияи Нуробод, ҳайати эҷодест, ки соли 1980 дар заминаи Хонаи маданияти ноҳия таъсис ёфтааст. Коргардони аввалини театр А. Анҷиров буд. Нахустин намоишномаи театр «Эшони риш»-и Ҳ. Содиқ (соли 1981) мебошад. Баъдтар ба театр артистон: Ҷ. Раҳимов, Д. Қодиров, О. Ваҳҳобов, Т. Кабутова ва диг. омада, дар пешрафти кори театр саҳми калон гузоштанд. Театр як қатор пейсаҳои замонавиро ба саҳна гузоштааст: «Бародарон»-и М. Бахтӣ, «Қасос»-и С. Саидмуродов, «Қарздор»-и У. Умарбеков, «Хас каму ҷаҳон пок»-и М. Шарифов, «Лейтенант Олимов айбдор мекунад»-и А. Сидқӣ, «Эшони Иллоанта»-и А. Атобоев, «Хоҷанав-параст»-и Ф. Муҳаммадиев ва М. Миров, «Падари тасодуфӣ»-и Б. Файзуллоев, «Хоби мудир»-и С. Мирзоев ва ғ. Дар театр дастаҳои мусиқӣ ва драмавӣ амал меку-нанд. Театр иштирокчии Фестивал-конкурси «Бӯстон-3», (1986-87) ва «40-солагии ғалабаи Армияи Советӣ» (1985) мебошад. Коллективи театр аз Ҷ. Раҳимов, С. Алиев, О. Ваҳҳобов, А. Обидов, Д. Мирзодавлатов, Б. Маҳмадҷонов, Х. Гулов, Т. Ҳисориев, П. Носиров ва диг. иборат аст. Ҳайати эҷодии Театр чандин бор ба шаҳру ноҳияҳои Ваҳдат, Бохтар, Хоруғ, Ҳисор, Лахш, Рашт, Файзобод ва шаҳри Роғун сафари эҷодӣ кардааст.[1]

  1. Раҳмонқулов А. Театри халқии ноҳияи Нуробод (маълумотномаи таърихию фарҳангӣ) //Энсиклопедияи адабиёт ва санъати тоҷик. - Душанбе, 2004.- ҷ. 3. - С. 203.