Театри халқии ноҳияи Турсунзода
Театри халқии ноҳияи Турсунзода, ҳайати эҷодиест, ки соли 1960 дар заминаи дастаи ҳаваскорони санъати Хонаи маданияти ноҳия таъсис ёфтааст. Дар бунёди театр хидмати мудири шуъбаи маданияти ноҳия Р. Остонова калон аст. Аввалин спектакли Т. «Юлдузой»-и С. Саидмуродов аст, ки соли 1961 П. Шарифов ба саҳна гузошта буд. Минбаъд бо кӯшишу ғайрати таҳиягарон М. Неъматов ва Р. Остонова ва роҳбари бадеии театр С. Шукурова намоишномаҳои «Қарзи виҷдон», «Ҳаёти заҳролуд», «Ҷон модаракон», «Нурхон», «Кроссворд»-и Н. Сафар, «Захми забон»-и М. Бахтӣ, «Қурбонии охирин»-и А. Ҳамдам, «Микроб»-и Ф. Муҳаммадиев, «Чу шоир биранҷад»-и С. Аюбӣ, «Дардҳои гиреҳхӯрда»-и М. Насриддин, композитсияҳои адабии «Ман намемирам»-и М. Шералӣ, «Кохи назм»-и Р. Қудратов, «Хезед, суд меояд»-и А. Ҳамдам, «Боз як ҳикмат»-и Ҷ. Қуддус, «Моҷарои даъватнома»-и М. Ғоиб ва ғ. ба саҳна гузошта шуданд. Дар назди театр дастаи ҳофизону мутрибон ташкил ёфтааст, ки ҳамеша бо сурудҳои нав ба нав хотири сокинони ноҳияро шод мегардонад.
Ҳайати эҷодии Театр дар азназаргузаронии 2-юми ҷумҳурӣ (1966) Фестивал-конкурси ҷумҳуриявии «Бӯстон-3» (1987) ва Фестивали 2-юми умумииттифоқии эҷодиёти халқ (Маскав, 1987) ширкат карда, ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон (1966) сафари ҳунарӣ кардааст. Роҳи эҷодии як зумра ҳунарпешагони номдор, аз қабили З. Каримова, М. Маҳрамова, М. Муҳиддинов, Т. Иброҳимова ва диг. аз остонаи ҳамин театр оғоз гардидааст. Дар назди театр 13 маҳфили ҳунарӣ амал мекунад. Аз ҳунарпешагони театр С. Шукурова бо Грамотаи Фахрии Президиуми Совети Олии ҶШС Тоҷикистон ва А. Қодиров бо унвони Коркуни хизматнишондодаи маданияти ҶШС Тоҷикистон сарфароз гарди-даанд.[1]
Эзоҳ
вироиш- ↑ Раҳмонқулов А. Театри халқии ноҳияи Турсунзода (маълумотномаи таърихию фарҳангӣ) //Энсиклопедияи адабиёт ва санъати тоҷик. - Душанбе, 2004.- ҷ. 3. - С. 204.