«Текисбозӣ»рақси халқии тоҷикон мебошад.

Номи унсур ва истилоҳоти дигар вироиш

Рақси ҳамвор

Тавсифи мухтасар вироиш

Текисбозӣ рақси ғиноӣ (лирикӣ) мебошад. Раққоса қафи ҳамвори дасташро рӯ ба тамошобинон гардонда онро аз поён ба боло мебардорад ва сипас ба поён мепартояд. Ҳамин ҳаракат дам бо як ва дам бо дасти дигар бешитоб ва зарифона такрор меёбад. Баъд дастҳо дар поёни рӯбарӯи иҷрокунанда дошта мешаванд, нӯг ба нӯг зери манаҳ медорад, як дасташро пуштнокӣ дар миён гузошта дасти чапашро дар паси гӯшаш мегузорад. [1][2]

Маҳалли густариш вироиш

Вилояти Суғд

Вазъи имрӯзаи унсур вироиш

Нимфаъол

Нигаред вироиш

Манобеъ вироиш

  1. Феҳристи миллии намунаҳои мероси фарҳанги ғайримоддӣ./ Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанги ҶТ. Сармуҳаррир Раҳимов Д. Мураттибон: Раҳимов Д., Қличева Н., Муҳаммадиев Ҳ., Муродов М., Обидпур Х. Қодиров Ф., Аминов А., Холмуродов З. – Душанбе:«Аржанг»,2016. – 354с. 21
  2. Феҳристи миллии намунаҳои мероси фарҳанги ғайримоддӣ.(тоҷ.). www.pitfi.tj. 1 ноябри 2019 санҷида шуд.