Тило (Au аз лот. Aurum), зар — унсури гуруҳи 11 (аз рӯи таснифоти кӯҳнашуда — дар зергурӯҳи иловагии гурӯҳи якум), даври шашуми системаи даврии элементҳои кимиёвии Д. И. Менделеев, бо рақами тартибии 79 мебошад. Бо аломати Au (лот. Aurum) ифода карда мешавад. Моддаи соддаи тилло — метали асили рангаш зард аст. Рақами бақайдгириаш CAS: 7440-57-5 мебошад.

Тилло, 79Au
Gold-crystals.jpg
Тилло
Номи дигарgold
Намуди зоҳирӣзарди метталӣ
Вазни атомии муқаррарӣ Ar, std(Au)196.966570(4)[1]
Тилло дар ҷадвали даврӣ
ҳидроген ҳелий
литий бериллий бор (элемент) карбон натрий оксиген фтор неон
натрий магний алюминий силитсий фосфор сулфур хлор аргон
калий калсий скандий титан (элемент) ванадий хром манган оҳан кобалт никел мис руҳ галлий германий арсен селен бром криптон
рубидий стронсий иттрий сирконий ниобий молибден технетсий рутений родий палладий нуқра кадмий индий қалъагӣ сурма теллур йод ксенон
сезий барий лантан серий празеодим неодим прометий самарий европий гадолиний тербий диспрозий ҳолмий эрбий тулий иттербий лютесий ҳафний тантал волфрам рений осмий иридий платина тилло симоб таллий сурб висмут полоний астат радон
франcий радий актиний торий протактиний уран (элемент) нептуний плутоний америcий кюрий берклий калифорний эйнштейний фермий менделевий нобелий лоуренсий резерфордий дубний сиборгий борий ҳассий мейтнерий дармштадтий рентгений коперниcий ниҳоний флеровий московиум ливерморий теннесин оганессон
Ag

Au

Rg
платинатиллосимоб
Рақами атомӣ (Z)79
Гурӯҳгурӯҳи 11
Даврдаври 6
Блокd-блок
Категорияи элемент  Металли гузаранда
Конфигуратсияи электрон[Xe] 4f14 5d10 6s1
Электронҳо аз рӯӣ ҷилд2, 8, 18, 32, 18, 1
Хосиятҳои физикӣ
Фаза дар ҲФМсахт
Нуқтаи гудозиш1337.33 K ​(1064.18 °C, ​1947.52 °F)
Ҳарорати ҷӯшиш3243 K ​(2970 °C, ​5378 °F)
Зичӣ (наздик ба ҳ.х.)19.30 гр/см3
ҳангоми моеъ будан (дар н.г.)17.31 гр/см3
Ҳарорати гудозиши хос12.55 кҶ/мол
Ҳарорати буғшавии хос342 кҶ/мол
Гармигунҷоиши молярӣ25.418 Ҷ/(мол·К)
Буғи сершуда
P (Pa) 1 10 100 1 k 10 k 100 k
at T (K) 1646 1814 2021 2281 2620 3078
Хосиятҳои атомӣ
Дараҷаҳои оксидшавӣ−3, −2, −1, +1, +2, +3, +5 (an amphoteric oxide)
ЭлектроманфииятҶадвали Полинг: 2.54
Қувваҳои иондоршавӣ
  • 1-ум: 890.1 кҶ/мол
  • 2-юм: 1980 кҶ/мол
Радиуси атомэмпирикӣ: 144 пм
Радиуси ковалентӣ136±6 пм
Радиуси Ван дер Ваалс166 пм
Color lines in a spectral range
Хатҳои спектрии Тило
Дигар хосиятҳо
Сохтори булӯрӣface-centered cubic (fcc)
Face centered cubic crystal structure for тилло
Суръати овоз thin rod2030 м/с (дар ҳ.х.)
Васеъшавии ҳароратӣ14.2 µm/(m·K) (дар 25 °C)
Гармигузаронандагӣ318 W/(m·K)
Муқобилияти нисбӣ22.14 nΩ·m (дар 20 °C)
Тартибории магнитӣдиамагнетик[2]
Таъсирпазирии магнитӣ−28.0·10−6 см3/мол (at 296 K)[3]
Ҳадди мустаҳкамӣ120 МПа
Модули Юнг79 ГПа
Модули ғеҷонидан27 ГПа
Модули чандирии ҳаҷмдор180 ГПа[4]
Коэффисиенти Пуассон0.4
Сахтии Моос2.5
Сахтии Виккерс188–216 МПа
Сахтӣ аз рӯи Бринелл188–245 МПа
Рақами CAS7440-57-5
Таърих
Номгузорӣfrom Latin aurum, meaning gold
КашфIn the Шарқи Миёна (before 6000 BCE)
Изотопҳои асосии тилло
Изо­топ Мавҷу­дият Давраи ним­таҷзия (t1/2) Тарзи таҷзия Маҳ­сул
195Au синт 186.10 d ε 195Pt
196Au syn 6.183 d ε 196Pt
β 196Hg
197Au 100% собит
198Au syn 2.69517 d β 198Hg
199Au syn 3.169 d β 199Hg
| пайвандҳо
79
Тилло
196,967
4f145d106s1

ТаърихВироиш

Тилло яке аз металҳое аст, ки инсон онро 8 ҳазор сол муқаддам аввалин бор шинохт ва дар асри биринҷӣ (ё мезолит) занҳои Африқо худро бо мӯҳра, шадда ва нишонаҳои сарисинагии тиллоӣ ороиш медоданд. Истеҳсоли аввалини тилло, аз рӯи маълумотҳои археологӣ, дар Миср оғоз ёфта буд ва тиллоро Офтоб «қурси калону дурахшони тилло» меномиданд. Дар қадим ороиш бо тилло рамзи Офтоб, бойгарӣ ва чун пул хизмат мекард. Парастиши тилло чун инъикоси парастиши Офтоб дар рӯйи Замин, тавоногӣ ва бузургии он на танҳо дар Миср, балки ба тамаддуни дигар мамолик паҳн шуд. Дар он замонҳо дар Миср дар як сол 50 тонн тилло истеҳсол мекарданд, ки ин рақам ба рақами истеҳсоли тилло дар Русия (с. 1913), ё дар асри гузашта ИМА ва Канада ва ҳоло дар Ӯзбекистон, ки ҳамин миқдор тиллоро ҳосил мекунанд, рост меояд. Ҳол он ки миқдори (кларки) тилло дар қишри замин ҳамагӣ 5•10−7%-ро ташкил мекунад.

Археологҳо дар водии Шоҳони Фив, соҳили чапи рӯди Нил, аз оромгоҳи Фиръавни номаълум маснуотҳои аз тилло сохташударо дарёфт намуданд. Соли 1922 археологи инглис Г.Картер аз тобути тиллогини мумиёкардашудаи Фиръавн Тутанхамон, ки зиёда аз 3400 сол қабл ба хок супорида шуда будаст, 110 кг тилло ва маргниқоби тиллоӣ ҳафриёт кард. Дар бораи тилло ривоят аст, ки фидоёни Миср бовар мекунонданд, ки гӯё Офтоб тиллоро офарида, ба Замин чун борон мерезад, аз он ёдгориҳои сутуну девормонанд бино мекарданд. Фиръавни Миср Эхнатон, ки тарафдори ситоиши Офтоб буд, бо фидоён муносибаташро канда, Фивро тарк намуд. Ӯ маркази ситоишгарони нав — ибодатхонаи Ахет-Атони берӯпӯшро, ки дар болои деворҳояш курсиҳои сайқалдода офтобро инъикос мекарданд, сохт. Ситоиши Офтоб дар байни дигар қабилаҳо низ паҳн шуда буд. Дар давраи кашфиётҳои географӣ (с. 1519) сайёҳи испанӣ Эрнан Кортесу ба Америка роҳ пеша кард, ҳиндуҳо ӯро бо табъи хуш пешвоз гирифта, дар қатори дигар тӯҳфаҳо ду курсии доираашон 1 м (яктоаш аз тилло, дигараш аз нуқра), чун рамзи ситоиши Офтобу Моҳтоб пешкаш карданд. «Ба некӣ — бадӣ» гуфтаанд. Ва Эрнан Кортес, Франсиско Писарро (а. XVI) ва дигар забткунандагони мамолики Америкаи Ҷанубӣ (Перу, Чилӣ, Аргентина, Эквадор, Боливия) тамоми бойгарии ин мамлакатҳоро тороҷ намуда, сиққа сохта ба Аврупо бурданд.

Ҳоло дар пойтахти Колумбия ш. Богото дар Осорхонаи тилло 8000 номгӯйи маснуотҳои ситоишии ҳиндуҳои қадим маҳфуз аст. Саволе ба миён меояд, ки тилло дар осорхона аз куҷо пайдо шуд? Посух. Мардуми таҳҷоӣ як қисми маснуоти тиллоро аз испанҳо дар ҷангалҳои тропикӣ андаруни решаҳо пинҳон карданд. Қисми дигари онҳо садсолаҳо дар қаъри кӯли Гаутовита, ки аз рӯи расму оини муқаддаси атстекамҳо, инкиҳо ва халқиятҳои дигари Америкаи Ҷанубӣ ба кӯл партофта шуда буданд, онҳоро ба даст оварданд. Аз рӯи урфу одати ин халқият дар қадим доҳиро меҳрубонӣ мекарданд ва ба танаи вай хокаи тиллоӣ мемолиданд. Пас аз он ӯ бо ашхоси муқаддас дар сал нишаста, дар кӯл ба самти шарқ шино мекарданд. Ҳангоми шӯъла задани Офтоб дар соҳили шарқии кӯл доҳиро муборакбод, меҳрубонӣ намуда, ангуштарӣ, шадда, мӯҳра, тасбеҳ, гарданбанд, чанголи ҳайвонҳои аз тилло сохташударо ба болояш мепошиданд. Ҳоло қисми кӯлро хушк карда, маснуотҳои тиллоиро гирифта ба осорхона супориданд. Дар асрҳои баъдина муайян шуд, ки Миср аз тилло бой будаст ва онро ба бозори ҷаҳонӣ мебароварданд.

Ҳазорсолаҳо сипарӣ шуда (2500 сол қабл), давлати Лидия (дар Осиёи Хурд) барои ба низом даровардани муносибатҳои иқтисодӣ бо Юнон ва Шарқ тангаи тиллоиро ба савдо баровард. Аз ин иқдоми нек шоҳи форсҳо Кир огоҳ шуда, Лидиоро ба итоати худ мегирад ва сиққакунии тангаи тиллоиро дар дигар мамолик паҳн мекунад.

Дар асри XVII тангаҳои тиллоӣ дар Русия пайдо шуда, 10 руб. арзиш доштанд ва ба шарафи императори Русия Елизавета Петровна ин тангаҳо «империал» ногузорӣ мешуданд. Тилло металли асил, зардранг, ёзанда, кашолёбанда, вазнин (зичиаш 15,6 — 19,2 г/см3), мулоим (сахтиаш — 2,5-3), дар ҳарорати 10630С об мешавад, ба тунукаҳои нозук ва то 3-15 км сим дароз кашида мешавад. Аз рӯи ин хусусиятҳояш тиллоро дар ҷавоҳирот ва саноат истифода мебаранд. Дар ҷавоҳирот 75-76 % тилло, электроника 9 %, стоматология 3 %, сиқкакунии тангаҳо 4 % ва дигар соҳаҳои 8 %, ва препаратҳои тиббӣ, хӯла, таҳқиқотҳои илмӣ, оптика, зарфҳои кимиёвӣ, симсозӣ ва расмтайёркунӣ истифода мешавад. Дар солҳои охир тиллоро бисёртар дар саноат барои тайёр кардани хӯлаҳое, ки барои кафшери маводи двигателҳои реактивӣ, мушакҳо, реакторҳои ядроӣ, самолётҳои суръаташон аз суръати овоз зиёдтар аст ва дигар таҷҳизотҳо истифода мебаранд. Бо тилло мушакҳо, киштиҳои кайҳониро мепӯшонанд. Масалан, дар киштии «Колумбия» америкоиҳо зиёда аз 40 кг тиллоро истифода карданд. Дар сатҳи қоғаз ё чӯб ширеши махсус молида, хокаи тиллоиро медавонанд, бо тилло рӯпӯш мешавад. Дар 1 м2 сатҳи ҷисм 3 гр. тилло сарф мешавад.

ЭзоҳВироиш

  1. (2016) «Atomic weights of the elements 2013 (IUPAC Technical Report)». Pure and Applied Chemistry 88 (3): 265–91. doi:10.1515/pac-2015-0305.
  2. Lide, D. R., ed. (2005). "Magnetic susceptibility of the elements and inorganic compounds". CRC Handbook of Chemistry and Physics (PDF) (86th ed.). Boca Raton (FL): CRC Press. ISBN 0-8493-0486-5. 
  3. Weast, Robert (1984). CRC, Handbook of Chemistry and Physics. Boca Raton, Florida: Chemical Rubber Company Publishing. pp. E110. ISBN 0-8493-0464-4. 
  4. Kelly, P. F. (2015). Properties of Materials. CRC Press. p. 355. ISBN 978-1-4822-0624-1. 

АдабиётВироиш

  • Паддефет, Р. Золото Химия. М. : Мир, 1982. — 259 с.
Викианбор has media related to: