Тилокорӣ, ҳалкорӣ, зарҳал — як навъи ҳунари ороиши амалии тоҷикон.

Тилокорӣ аз замонҳои қадим дар соҳаҳои махсуси ҳунармандӣ, махсусан заргарӣ ва ороиши биноҳо истифода мешуд. Тилокорӣ инчунин дар тазйини китобҳои дастнавису чопӣ (дар ороиши саҳифаҳо ва қошон ва хушнависони бостонӣ услуби махсуси тайёр кардани зарҳал ва истифодаи зарҳалкори (тилокорӣ)-ро эҷод кардаанд. Барои ҳосил намудани зарҳал аслан об ва самғи арабиро бо ҳам омехта, пеш аз истифода ба маҳлул об мечакониданд.

Мадрасаи Тилокорӣ дар Самарқанд, арақаи масҷидҳои Бухорову Самарқанд ва ноҳияҳои шимоли Тоҷикистон намунаҳои намоёни санъати тилокорӣ мебошанд. Дар ҳунари муосири Тоҷикистон тилокорӣ дар тармими ёдгориҳои меъморӣ (гунбад, нақшунигор), баъзе ҷузъҳои иншооти муосир, корҳои нашрӣ ва ҷавоҳирсозӣ фаровон истифода мешавад.

Нигаред низ

вироиш

Адабиёт

вироиш