Толиби Сангинзода
Ориёфар Толиби Сангинзода — рӯзноманигор, рӯзноманигор, нависанда, яке аз муассисони нашриёти “Авасто”. Аълочии фарҳанги Тоҷикистон
Ориёфар Толиби Сангинзода | |
Таърихи таваллуд: | 25 март 1965 |
Таърихи даргузашт: | 15 август 2016 (51 сол) |
Навъи фаъолият: | нависанда,рӯзноманигор |
Зиндагинома
вироишОриёфар Толиби Сангинзода 25 марти соли 1965 ба дунё омадааст. Соҳиби ду маълумоти олӣ аст. Аввал факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро бо ихтисоси журналист хатм кардааст. Баъдан дар бахши ҳуқуқи Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон таҳсил кардаву магистри ҳуқуқ шудааст. Фаъолияти кории худро моҳи октябри соли 1988 дар маҷаллаи “Чашма-Родник”, ки бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳам алифбои форсӣ нашр мешуд, оғоз кардааст. Аз моҳи марти соли 1989 то сентябри соли 1991 муҳаррири калони саридораи барномаҳои адабии телевизиони Тоҷикистон будааст. Аз моҳи сентябри соли 1991 то моҳи феврали соли 1993 раиси бахши минтақавии Бунёди байналмилалии забони тоҷикӣ дар минтақаи Истаравшан кор кардааст. Аз муассисони нашриёти “Авасто” мебошад, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон нахустин нашриёти хусусист ва он моҳи июли соли 1992 дар шаҳри Истаравшани вилояти Суғд таъсис гардидааст. Мақоми марказии он аз соли 1994 (баъди дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайди давлатӣ гирифта шудани оиннома) ба шаҳри Душанбе кӯчид. “Авасто” баъди ба истиқлоли давлатӣ расидани Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифаи пуриқтидортарин нашриёти Иттиҳоди Шӯравӣ “Политиздат”-ро иҷро мекунад ва дар инъикоси мукаммал ва воқеии ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии Тоҷикистони соҳибистиқлол собитқадам буда, аз пайи таблиғи сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. “Авасто” бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ўзбекӣ адабиёти сиёсӣ, ҳуқуқӣ, бадеӣ, таълимӣ ва илмӣ-оммавиро нашр мекунад. Аз моҳи феврали 1993 то декабри 2003 директори нашриёти “Авасто” буд. Аз декабри соли 2003 то июли соли 2005 дар вазифаҳои сармушовири директор оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ, молиявӣ ва кадрҳо ва сармуҳаррири бахши тоҷикии Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон “Ховар” кор кардааст. Аз моҳи июли соли 2005 то июли 2006 дар вазифаи раиси Бунёди ҷамъиятии хайрияи маърифати ҳуқуқ “Фаришта” фаъолият мекард. Аз моҳи июли соли 2006 боз ба нашриёти Авасто баргашта, то феврали соли 2009 директори он буд. Аз январи соли 2008 то феврали соли 2011 дотсент, мудири кафедраи журналистикаи ТВ ва радиои Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи М.Турсунзода буд, муддати як сол чун сармутахассис, муҳаррири маҷаллаи “Қонунгузорӣ”-“Законодательство”-и Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст. Аз моҳи феврали соли 2012 то ҳол сардори Раёсати ҳуқуқи БҶХМҲ “Фаришта” ва адвокати Коллегияи адвокатҳои мустақили кишвар аст. Ба сифати мушовир оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ, ҳимоятгари ҳуқуқ ва адвокат манфиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқиро дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар мақомот ҳимоя мекард. Бо забони русӣ озодона ҳарф мезад ва менавишт, бо инглисиву ҳиндӣ бо луғат. Дар кишварҳое чун Русия, Олмон, Ҳинд, Ӯзбекистон ва Қазоқистон сафарҳои кориву хидматӣ доштааст.
Эҷодиёт
вироишДар матбуоти кишвар ва хориҷ аз он аз соли 1983 ҳузури густарда дорад. Мақолаҳояш дар маҷмуъаҳои дастаҷамъии “Эмомалӣ Раҳмон: Ҷиноятро бояд решакан кунем!”; “Чил қалам”; “Марди худо” чоп шудаанд. Муаллифи китобҳои “Сиёсати хориҷии Туркманистон дар давраи эҳё” (бо забони русӣ “Внешняя политика Туркменистана в эпоху великого Возрождения”), романҳои “Маскарад”, “Одинаи муосир” ва кинороманҳои “Таърихи ишқи абадӣ... бо фироқ дар муддати 16 сол” (бо забони русӣ “История вечной любви …с разлукой на 16 лет”), “Тақдири дигар” (бо забони русӣ «Другая судьба”) ва “Ғараз” (бо забони русӣ “Корысть”) мебошад.
Ҷоизаҳо
вироишАълочии фарҳанги Тоҷикистон, Мушовири хидмати давлатии дараҷаи 1 ва Узви Конфедератсияи байналмилалии журналистон аст.[1]
Эзоҳ
вироиш- ↑ [ http://www.pitfi.tj/node/124 Бойгонӣ шудааст 19 августи 2016 сол. Толиби Сангин-рӯзноманигори маъруф ва бунёдгузори нашриёти “Авесто” аз олам даргузашт]