Толибҷон Бобоев

ҳунарпешаи театр

Толибҷон Бобоев (Бобоев Толибҷон Ғаниевич; 23 апрели 1955, Кӯлоб) — ҳунарпешаи театр. Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон (1989).

Толибҷон Бобоев
Таърихи таваллуд: 23 апрел 1955(1955-04-23) (69 сол)
Зодгоҳ:
Касб: ҳунарпешаи театр

Зиндагинома

вироиш

Донишкадаи давлатии санъа­ти ба номи М. Турсунзода (1975) ва курсҳои олии роҳбарии театрии Ин­ститути умумииттифоқии коркунони маданияти ш. Маскавро (1987) хатм карда, солҳои 1985—1987 дар Театри ба номи Моссовети ш. Мас­кав таҷриба омӯхтааст. Солҳои 1975—2000 актёр, роҳбари бадеӣ, дирек­тори Театри мусиқӣ- мазҳакаи ш. Кӯлоб буд. Аз соли 2000 дар Дониш­кадаи давлатии санъати ба номи М. Турсунзода аз маҳорати актёрӣ дарс медиҳад, солҳои охир директори Театри давлатии ҷавонони ба номи М. Воҳидов аст. Аз беҳтарин актёрони театр маҳсуб меёбад, дар иҷрои ҳар образ рӯ ба навоварӣ мезанад, решаҳои дастнахӯрдаро аз ҳунар кашф менамояд, «Мулки меросӣ», «Сафар Амиршоев», «Найранг­ҳои Скапен», «Ҳуррият», «Фишор», «Заволи Ҷамбули Мастон», «Андро ва Сандро», «Муъҷизаи мукаррарӣ» спектаклҳоанд, ки ҳунараш дар онҳо зуҳур кардааст. Бо намоиши «Очаи Зика ва Бика» (ҳамроҳи Ҷумъахон Сироҷов) зиёда аз ду ҳазор маротиба баромад доштааст. Оид ба масоили рушди театр, аҳволу эҷоди аҳли фарҳанг беш аз сад мақолаи оммавӣ навиштааст.

Ишти­рокдор ва дорандаи ҷоизаи чандин ҷашнвора­ҳои театрист.

Адабиёт

вироиш
  • Арбобони фарҳанги тоҷик. Донишнома / Муаллиф-мураттиб Ёрмуҳаммади Сучонӣ. — Душанбе, 2016. — 863 с.